shoh palace
Найрангҳои марди занҷалоб (қисми 6)
1846

Ҳуши Сайрами бетолеъ аз зарби мушту лагади шавҳари бераҳмаш рафта бошад ҳам, ҳамоно оташи рашку ғазаби Икром-банги паст намешуд.

Касе ёрои ба кӯмаки ҷавонзани ғарқоби хун омадан намекард, зеро падару модар ва хоҳару додаронаш аз Икроми девсират мисли аҷал метарсиданд. Вақте ки Сайрам мисли мурда каб-кабуд шуд, бангии бадҷаҳл даст аз задан бардошт ва ба модараш нигариста бо итоб гуфт:

-Мурдаи келини фоҳишата ғундор, аҷузкампир!

Икром-бангӣ ҳафт пушти занашро дашному ҳақораткунон баромада рафту модараш ҷонҳавл ба сӯйи келини дар рӯйи ҳавлӣ мурдавор дарозкашидааш давид. Сару рӯйи Сайрам ягон ҷойи обод надошт, аъзои баданаш сиёҳу кабуд ва пур аз захму хуншор буд. Кампир ба рӯйи келинаш об пошид, дар таги биниаш спирти навшотирро дошт, пахтаи куҳна ёфта дуд кард, вале келинчаки ғарқоби хунро ба ҳуш овардан ба вай муяссар нагашт. Дид, ки Сайрам ба худ намеояд, ночор ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зад, зеро метарсид, ки мабодо келинаш мурда монад, натанҳо писари бангиаш, балки ҳама аҳли оила дар кашмакаши милисаҳо мемонанд.

Байни маргу зиндагӣ

“Ёрии таъҷилӣ” Сайрамро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурд ва табибон ҷавонзанро дар ҳуҷраи эҳёгарӣ ҷой карда, барои наҷот додани ҷонаш чанд шабонарӯз бо марг даст ба гиребон шуданд. Духтурҳо хабари ваҳшиёна лату кӯб шудани ҷавонзанро ба мақомоти дахлдор расониданду милисаҳо ба дастони Икром-бангии муштзӯр завлона зада, ӯро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ин ҷавонмарди беҳаё ҳамсари дар дами марг қарордоштаашро номардона туҳмат карда, гуфт, ки занашро дар оғӯши ошиқаш доштааст. Ҳамин тавр кор дӯлоб шуда монд ва барои аз ғавғои домоди худонотарс халос шудан волидони Сайрам маҷбур шуданд, ки аризаи даъвогиашонро бозпас гирифта, ҳаволаи бангии номардро ба холиқи ҷаббор вогузор намоянд.

Талоқ

Дили Зайнаб сахт зарб хӯрда буд ва агар худо накарда боз як бори дигар зарба бигирад, зинда монданаш ба гумон буд, аз ин хотир Бибихол саломатии духтарашро аз бахт боло дониста аз Икром-бангӣ талаб кард, ки ҷавобашро диҳад. Домод магар маътали ишорат буд, ки дарҳол Сайрамро се талоқ кард ва худаш мошини боркашонеро ёфта, тамоми кӯчу банди занашро бор карду бегоҳирӯзӣ ба хонаи падарарӯсаш фиристод ва бо ҳамин гӯё қарзи мардонаашро адо кард.

Захми забон

Сайрам дар хонаи волидонаш шаттаю шаллоқ намехӯрд, вале захми забони янгаҳо барояш аз зарби мушти Икром-бангӣ ҳам бадтар буд. Занҳои бародаронаш ҳар рӯз ягон бевазани ҳамсояро мисол оварда “зани хубро шавҳараш талоқ намедиҳад” гӯён, писханд мезаданд. Сайрам хуб мефаҳмид, ки мурод аз ин мисолу масалҳои янгаҳояш танҳо ӯст ва дигаронро таъна зада, ба вай фаҳмондан мехоҳанд, ки агар кадбонуи хуб мебуд, ҳеҷ гоҳ аз даргоҳи шавҳараш ронда намешуд. Таънаю маломати янгаҳо мисли тир аз ҷавшани ҷони ҷавонзани бевамонда мегузаштанд, аз ин хотир баробари ба манзили падараш бо нияти хостгорӣ қадам ниҳодани марди аввалин аслу насаби талабгорро напурсида, дарҳол розигӣ дод. Гумон мекард, ки ҳар чи ҳам набошад, хонаи шавҳар аз миннати янгаҳо беҳтар аст, вале...

Бахти дуюм-дарди сар

Шавҳари дуюми Сайрам бар замми мӯйсафед буданаш боз марди бадҷаҳл ва тундзабон ҳам будааст. Ҳамон субҳи аввали дар хонаи ин мард буданаш вай аз садои дағали шавҳари наваш бедор шуд, ки дод мезад: “Соат чори саҳар шуд, тез хезу аз паси кору бори хона шав!” Сайрам осемасар бархоста ҷогаҳро ғундошт ва дар тараддуди тайёр кардани наҳорӣ шуд. Шавҳараш Рӯзибек дар сари дастурхон рӯйхати корҳоеро, ки ҳар рӯз Сайрам бояд анҷом диҳад ба вай дароз кард. Чашмони Сайрам бо дидани ин ҷадвал барқ заданд, зеро аз соати 4—и субҳ то 10-и шаб барояш ягон лаҳза вақти холӣ нагузошта буданд. . Ҷавонзани бетолеъ оҳи сард кашида дар дилаш ба тақдири бадаш ҳазорон лаънат хонда, ҳатто луқмаеро ба даҳон набурда омин карда аз сари дастурхон бархост. Ба ҳавлӣ баромада дид, ки ҳафт гови ҷӯшоӣ ва замини калони корам ӯро интизоранд. Гирди ҳавлӣ кушода буд ва ҷавонзан эҳсос намуд, ки Худо накарда гову бузи ҳамсояҳо ба ҳота дарояд, ин марди золиму бадқавоқ рӯзашро дар як дам ба шаби тор мубаддал хоҳад гардонд.


Ҳамин тавр умри Сарвинози нозанин сарҳади 30-ро убур намуд ва ин арӯси замоне серхаридор пирдухтар шуда монд....

 


Наосуда куҷо равад, ки осояд...

Рӯзибек Сайрамро аз Икром-бангӣ ҳам бештар ранҷу азоб медод, вале ҷавонзани бетолеъ аз тарси он, ки аз ин шавҳараш ҳам ҷудо шавад, хандахариши мардум мегардад, дам фурӯ баста буд ва масали “сари кафида зери тоқӣ”-ро ба худ шиор намуда, сирру асрори зиндагии талхашро ба касе намекушод. Ҳаёташ бо ин мард хуш нагузарад ҳам, бо умеди мустаҳкам намудани оилааш Сайрам боз ҳомиладор шуд. Аксар вақт ҳангоми хишова кардани замин ҷавонзани сарторик аз таъсири гармо ва хастагии зиёд беҳолу бемадор гашта, қариб аз ҳуш мерафт, вале шавҳари золимаш ба ҷойи нисбати вай ғамхорӣ намудан “гандара бало намезана» гӯён, тамасхуромез механдид. Заҳрхандаи шавҳар мисли тир ба устухони Сайрам мехалид, аммо чора надошт.

Дар хонаи домод

Ҳамин тавр бо азобҳои алим нуҳ моҳи ҳомиладориро паси сар намуда, барои шавҳари мӯйсафедаш писарча зоид. Хушбахтона писаракаш ба падари бадафташ ягон зарра монанд набуд, мисли модараш кулчарӯй ва сап-сафеди дилчасп буд. Сайрам мехост ба хонаи модараш рафта то баромадани чиллаи тифлакаш осояд, вале шавҳари бадқавоқаш розӣ нашуда “кору бори хонаро кӣ мекунад?!” гӯён, шӯру исён бардошт. Бибихол ночор ҳамроҳи духтараш ба хонаи домод омад, то ақаллан то каме ба худ омаданаш зани нав таваллудкардаро нигоҳубин намояд. Тифлакро Султон ном гузошт. Бибихол рӯзи дароз ба нигоҳубини набераю духтараш овора буд, кӯдакро равғану упо мемолид, парпеч мекард, барои Сайрам ширбиринҷу ордбирёну тухбирён мепухт... Домоди морзабон танҳо як ҳафта ба меҳмондорӣ намудани хушдоман тоқат карду пасон кафида гуфт: “Хола говҳои моро то кай зани ҳамсоя медушад? Ба духтаратон гӯед, ки миёнашро маҳкам баста аз ҷояш хезаду аз паси кору бори зиндагиаш шавад. Дамгириаш бас будагист! Модари зор ба ҷои духтараш миёнашро маҳкам баста аз паси саришта кардани кору бори хона шуд, то шавҳараш Сайрамро “нахӯрад”.

Насиҳати модар

Бибихол бо як азоб чил рӯз дар хонаи домоди бадзабонаш тоқат карду баробари баромадани чиллаи Сайрам бору буғчаашро баста гуфт:

-Духтарам, ман қарзамро адо кардам. Акнун ту медонию шавҳарат. Ман дигар ба ҳаёти ту кордор намешавам. Бачаҷон, кӯшиш кун, ки зиндагиатро маҳкам дорӣ. Тоқӣ нестӣ, ки мо имрӯз туро ба сари як мард ниҳему рӯзи дигар ба сари домоди дигар, шӯят санги осиёбро ҳам дар сарат гардон кунад, тоқат кун, чунки бахт моли сабурон аст...

Таҳдиди пиракӣ

Пас аз рафтани модараш боз рӯзи сиёҳи Сайрам сар шуд. Шавҳараш ҳар рӯз бо ҳар баҳона ӯро лату кӯб менамуд ва таҳдид мекард, ки ба балояш зани дигар мегирад. Таҳдидҳои мардаки калаш ба назари Сайрам хандаовар менамуданд. Бовараш намеомад, ки ягон духтар ба чунин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида расидан хоҳад, вале хаёлаш хом баромад.

Меҳмони нохонда

Рӯзе дар рӯи ҳавлӣ нишаста машғули хишова кардани пиёз буд, ки як марди хушқаду қомат сермӯй ва аз пасаш як ҷавонзани танноз аз дарвоза даромаданд. Сайрам ҳайрон шуд, ки чаро марди бегона бе ибо ба ҳавлии вай даромада бошад ва саволомез ба меҳмонони нохонда нигарист:

-Шинос шав, ин занакҷони ҷони ширинаки ман! Хишоваатро мону тезтар дастурхон партофта барои мо ягон таоми бомазза паз,-Амр кард марди ношинос.

Сайрам шавҳари парик пӯшидаашро аз овозаш шинохта дар ҷояш шах шуда монд...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД