formula
Найрангҳои марди занҷаллоб (қисми 5)
2116

 (Идомаи қисса)

Дар оғӯши домулло

Ҳамин тавр се рӯз пас бародаронаш як дегча ош монданду ду-се ҳамсояро даъват карда, Бибихоли ҷавону зеборо ба Мулло Насруллои пояш ба лаби гӯр расида никоҳ карда доданд. Домулло чунон аз барор гирифтани шикораш хурсанд буд, ки чанд рӯз пас ба бародари ҳамсари ҷавону зебояш мошини ялаққосии хориҷӣ туҳфа намуд. Акнун дар даҳони ҳама хурду калони деҳа танҳо як гап буд: шавҳар кардани Бибихол! “Қандаша занад, ана инро домод мегӯянд!” таъриф мекард яке, вале дигарӣ лабашро инҷ карда мегуфт: “Бо пули худаш мошин харида медод гапи дигар буд, вале ин муллои ҷодугар ҳамеша аз ҳисоби дигарон худашро реклама карда мегардад. Мошинро кадом муридаш харида додагист-да!” Саввумӣ сар ҷумбонда афсӯс мехӯрд: “Акаҳояш магар кӯр буданд, ки гул барин духтарро бароварда ба як мӯйсафеди фартут доданд. Ҳайф шуд Бибихол, ҳайф!”

Тақдирро тадбир нест

Бибихол шавҳари пирашро чашми дидан надошта бошад ҳам, дигар аз доми Мулло Насрулло раҳоӣ ёфта натавонист. Домулло бо қудрати сеҳру ҷоду зани ҷавонашро нигоҳ дошт ё аз азал тақдирнавис номи Бибихолро дар канори мулло Насрулло навишта буд, ки ҷавонзан то лаҳзаҳои вопасини умри мӯйсафед дар оғӯшаш монда, соҳиби 6 фарзанд шуд. Дар байни фарзандони мулло Насрулло Сайрами хурдакак эркаю азиз ва нозпарварди падари пиру модари ҷавон буд.

 


Бибихол духтари сарвқаду камонабрӯи барф барин сап-сафед буд ва талабгорони зиёд дошт, аммо аз сари кибру ғурур ба тамоми ҷавононе, ки ба хонаашон хостгор мефиристоданд, дарҳол ягон айбу гуноҳ мемонд.

Wa98n4X3TxrZ1xj36VMJT6axmHrft5eF6HTdFwXP


 

Тӯйи духтари домулло

Апаҳою акаҳояшро хонадор намуданду навбати Сайрами нури чашмони волидон расид. Мулло Насрулло барои дигар фарзандонаш келину домоди табъи дили худашро интихоб намуда бошад ҳам, Сайрамро ба ихтиёри худ гузошта гуфт: “Зӯран ба шавҳар додани духтар ҳаром аст, бигзор духтарам шавҳаршавандаашро худаш дидаю санҷида интихоб намояд!” Ду деҳа дуртар ҷавони зебое мезист, ки кайҳо Сайрамро таги чашм карда буд. Ин ҷавон пайти муносиб ёфта рози дилашро ба духтари мулло расонд ва розигии Сайрамро гирифта ба хонаашон хостгор фиристод. Сайрам сирри дилашро аз падару модараш пинҳон надошта гуфт, ки домодшавандаро дидаасту онҳо бо ҳамдигар паймони муҳаббат бастаанд. “Дил дили Зайнаб” гӯён, мулло Насрулло духтарашро ба ошиқи зораш фотиҳа карда, ба хостгорон дарҳол сафедӣ дод. Тӯйи духтари кенҷа ва нозпарварди домуллои машҳур чунон бо шукуҳу шаҳомат гузашт, ки халқи деҳа чунинашро то ба ҳол дар ёд надоштанд.

Домоди бангӣ

Ҳанӯз моҳи асал поён наёфта ба бахти эркадухтари мулло Насрулло чашми бад расид. Домоди таърифӣ бангӣ будааст. Сайрам мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯзад ҳам, дарди дилашро ба касе намегуфт, зеро метарсид, ки хешу ақрабо ба ҳолаш хандида “эй мӯр ба ҳамин шӯйи бангии ёфтагиат” гӯён, мазоқу масхаракунон ба ҳолаш механданд. Рӯзи арӯсаки бетолеъ дар хонаи шавҳар аз шаби сиёҳ ҳам тиратар буд, домоди бангї ҳамеша ягон баҳона ёфта ӯро зери мушту лагад мегирифт. Дар тӯли ду моҳ дар баданаш ҷойи обод намонд, дандонҳояш аз зарби шаттаи шавҳар шикаста рехтанд, мӯйҳояш қабза-қабза дар панҷаи домоди золим монданд, ҳусну ҷамолаш рӯ ба хазон овард. Зиндагии пур аз шиканљаю таҳқиру дард дар тӯли се сол ин духтараки 23 соларо ба як зани 30-35 сола монанд кард.

Кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад

Сайрам қариб 5 сол фарзанддор нашуда гумон мекард, ки ҳама зулму ситами шавҳараш бо сабаби бор наовардани нахли умрашон аст. Духтари мулло сарашро ба дари садҳо бемористону табибу фолбинҳо зада, ниҳоят ба мақсад расид. Гумон дошт, ки хабари ҳомиладориашро шунида шавҳараш тоқиашро ба осмон мепартояд, вале хаёлаш хом баромад, Икром натанҳо феълу атвори бадашро напартофт, балки боз ҳам золимтар шуд. Сайрам бо умеди рӯзҳои нек лаб зери дандон гирифта, сирри хонадонашро ба берун намебаровард. Боварӣ дошт, ки баъди ба дунё омадани писараш зиндагиаш рангу маънии тоза пайдо намуда, кӯдак дили сангини шавҳарашро нарм месозад, вале нахустписараш ҳам орзуҳои ӯро ҷомаи амал пӯшонида натавонист. Икром на ба писарчааш Фарҳод аҳамият медод, на ба Сайрами бадбахт. Ҳушу ёди ин бангӣ ҳамоно банди нашъа ва афюн буд.

Дарди қаттол

Писарчааш дар яксолагӣ сахт бемор шуд. Бобои аз илми ғайб бохабараш чандин тӯмору таштоб навишта дода бошад ҳам, ҳоли кӯдак ҳеҷ рӯ ба беҳбудӣ намениҳод. Рангу рӯяш торафт зард гашта ба як пора заъфарон монанд шуда буд ва дигар ҳатто мадори гиря кардан надошт. Сайрам аз тарси он, ки писаракашро аз даст медиҳад, пеши Икром гиряву зорӣ намуд, ки кӯдакро ба беморхона баранд. Билохира шавҳараш розӣ шуд ва ғур-ғуркунон сару либосашро пӯшид ва онҳо тифл дар бағал ба роҳ баромаданд.

Оташи рашк

Қасд кардагӣ барин ҳамон рӯз дар беморхона яке аз ҳамсинфони Сайрам, ки духтур буд, навбатдорӣ мекардааст. Хотири даҳ сол дар паси як парта нишастанашон вай бо Сайрам гарм аҳволпурсӣ намуда, кӯдакашро бе пул аз ташхис гузаронд ва маслиҳат дод, ки бачаро бо модараш дар бемористон хобонанд, вале кирми рашк аллакай дар вуҷуди Икроми бангӣ лона карда буд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин пешниҳоди табиб розӣ нашуд. Духтур ночор дорую давоҳои лозимаро навишта дод ва таъкид намуд, ки дар сурати рӯ ба беҳбудӣ наниҳодани ҳоли кӯдак фавран бачаро ба наздаш биёранд. Сайрам, ки феъли бади шавҳарашро медонист, осемасар бо ҳамсинфаш хайрухуш карда, тифл дар бағал аз дар баромад.

Икром аз рашк мисли мор ба худ мепечид. Дилаш мехост занашро зада-зада устухонҳояшро майда кунад, вале аз роҳгузарон шарм медошт. Вай базӯр то ба хонаашон расидан тоқат карду ҳамин, ки Сайрам қадамашро аз остонаи дарвоза ба дарун ниҳод, ӯро зери мушту лагад гирифт. Бангии бераҳм ҷавонзани бегуноҳро ончунон мурдакӯб кард, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зад....

(Давоми қиссаро пагоҳ, соати 21.00 интизор бошед!)

Гулнисои Ҳикматулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД