Назорат оид ба пешгирии хазонсӯзӣ пурзӯр мешавад
17.11.2025
Oila.tj
94

Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ назоратро пурзӯр намуда, барои ифлос намудани ҳавои атмосфера 2076 ҳолати қонуншиканиро ошкор карда, 2137 санади маъмурӣ тартиб додаанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» сӯзонидани ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла баргу хазон қатъиян манъ мебошад.

- Бо назардошти он ки айни замон дар ҷумҳурӣ фасли хазонрез ҳукмрон аст, ҳамарӯза дар миқёси мамлакат дар натиҷаи рубӯчини кӯчаҳо ҳаҷми зиёди баргу хазон ҷамъоварӣ мешавад. Дар раванди сӯзонидани хазон моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн мешаванд ва ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, нозирони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист мунтазам назорати давлатиро оид ба пешгирии хазонсӯзӣ амалӣ намуда, барои ба роҳ мондани тартиби дурусти нобудсозии хазон ба сокинон тавсия медиҳанд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД