formula
«НЕКӢ БИКОР»намоишгоҳи хайриявии гулу растанӣ
595

Фурӯшандагону шариконро аз куҷо ёфтан мумкин?
Дар бораи навгониҳои тиҷорати гул аз куҷо фаҳмидан мумкин?
Бо пешсафони соҳа чӣ тавр шинос шудан мумкин?
Роҳи ҳалли ғайристандартии масъалаҳои соҳавиро чи гуна ҳал намудан мумкин?

Албатта дар намоишгоҳи аввалини хайриявии гулҳо ва растаниҳо «PLANT A HOPE – НЕКӢ БИКОР», ки рӯзи 1-уми апрел аз соати 10.00 то 16.00 дар «DUSHANBE SERENA HOTEL» баргузор мегардад.

Иди ҳаяҷонбахш ва фаромӯшнашаванда бо мастер-классҳо дар заминаи ғояҳои хайру эҳсонкорӣ тамоми дустдорони гулу растаниро дар як майдон ҷамъ меоварад.

Иштирокчиён метавонанд маҳсулоти худро ба фурӯш бароранд, мубодилаи таҷриба намоянд ва донишҳои худро оид ба гулпарварӣ ва наботот такмил диҳанд.
Ташкилкунандагони намоишгоҳ аз ҷумла мақсадҳои зеринро пеши худ гузоштанд: тарғиби муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист, иштироки фаъол дар кабудизоркунӣ ва тараннуми зебоипарастӣ байни мардуми кишварамон.

Ташкилкунандаи намоишгоҳи мазкур Фонди хайриявии “Музаффар” мебошад. Фонди “Музаффар” – воситаест дар самти корҳои хайру савоб, ки ҳаёти одамонро беҳтар гардонда, ғояҳои инсонпарварию некиро паҳн менамояд.

Маблағҳои ҷамъшуда ба пешгирии бемории саратон дар байни занон равона карда мешаванд.
Ба мо бипайвандед, то ки ҳамроҳ некӣ бикорем!
Намоишгоҳ бо дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.

Ташкилкунандагон:

Фонди хайриявии «Музаффар»

https://www.facebook.com/profile.php?id=100087029360827

Шарикон: «FIFTYFIVE GROUP» «Asia Plus» «XamaTarafa» «Sirena Hotel Dushanbe» «Artel» «Sinbad Park» «Мадагаскар» «CocaCola» «Ориё» «Ориён Банк» «UFC GYM Tajikistan» «Пахлавон» «Guli Anor» «Атлас Taxi» ООО «Мавсим и К» Макон: Меҳмонхонаи «Serena Hotel»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД