arzon replenishment
Нигаронии Пешвои миллат аз вазъи имрӯзи Афғонистон
509

"Наваду ҳафт фоизи аҳолии Афғонистон дар ҳолати фақр қарор дорад. Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк.

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намуданд, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд.

«Дар ин росто, мо омодаи ҳамкории минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем. Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем», -таъкид намуданд Пешвои миллат. 

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст. Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.

«Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Мо ният дорем, ки соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор намоем. Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад», -изҳор доштанд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин, тазаккур доданд, ки Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид метавонад ва бояд дар татбиқи ҳамаҷониба ва мутавозини Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмон ва дигар санадҳои дахлдори он фаъолияти муассир дошта бошад.

«Кӯшишҳо, инчунин, бояд барои пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ равона карда шаванд.Тоҷикистон аз арзёбии ҳаштуми Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардид, истиқбол менамояд. Бовар дорем, ки ин санад барои роҳнамоии минбаъдаи талошҳои зиддитеррористии мо як заминаи устуворро фароҳам меоварад».- гуфтанд Пешвои миллат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД