Нигаронии Раиси шаҳр аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон
16.12.2025
Oila.tj
123

Зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинон, бахусус насли наврас изҳори нигаронӣ намуданд.

Бино ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷумла иброз намуданд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намудаанд, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар ин замина ба милитсияи пойтахт дастур дода шудааст, ки аз шаҳрвандон, падарону модарон, фаъолони ҷомеа, масъулини мактабу маориф ва аҳли ҷомеа хоҳиш намояд, ки ҳар амалу рафтори наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД