arzon replenishment
Нигоҳубини модар баъди буриши қайсарӣ
550

 

Омадани кудак ҳамавақт хушӣ меорад. Бо омадани меҳмони нав ба модар нигоҳубини махсус лозим мешавад. Хусусан агар тавалуд бо роҳи буриши қайсарӣ анҷом ёфта бошад. Табибон гоҳо аз рӯи ночорӣ кудакро бо роҳи буриши қайсарӣ аз модар ҷудо месозанд. Он дар чанд ҳолат рух медиҳад, ки баъдан онро дар матлаби оянда бароятон шарҳ медиҳем.

Агар таваллуд бо роҳи буриш сурат гирад, аз миён поёни бадани модарро беҳис менамоянд ва бо буридани пусту мушаки шиками модар кудакро бо ҳамроҳак якҷо аз бачадон берун месозанд. Баъд бо ёрии риштаи махсуси ҷои буридашударо медузанд.

Агар зан бо роҳи табиӣ таваллуд карда бошад баъди як рӯзи таваллуд худро хуб ҳис мекунад, аммо занҳое, ки бо ёрии ҷароҳӣ таваллудкардаанд сиҳатшавияшон то 10 рӯз ба дарозо мекашад. Онҳоро аз таваллудхона дертар ҷавоб медиҳанд.. Баъди буриши қайсарӣ гирди ҷои буридашуда беҳис мешавад ва мушакҳои шикам заиф мегардад. Дарди баъди ҷароҳи 1-2 ҳафта тӯл мекашад ва онро таҳамул карда намешавад, маҷбур бедардкунандаро истеъмол кардан лозим аст.

Табибон барои зиёд нӯшидани об маҷбур менамоянд. Ин амал ба он хотир аст, ки дар вақти ҷарроҳӣ нисбат ба таваллуди табиӣ хун бисёртар сарф мешавад. Об барои гардиши хун зиёд шудан кумак мекунад ва модар зудтар барқарор мешавад. Дар рӯзҳои аввали баъди ҷарроҳӣ хӯроки суюқ истеъмол кардан ба мақсад мувофиқ аст. Он ба меъда вазнинӣ намекунад ва зуд ҳал мешавад. Баъди модар аз таваллудхона баргаштан ҷои духташударо зуд-зуд хабар гирифта оро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза кардан лозим аст. Барои ҷаъм шудани мушакҳои шикам аз тасмаҳои тиббӣ истифода кардан ҳатмӣ аст. Аммо барои ба тартиб даровардани андоми худ ба машғулиятҳои варзиши даст задан мумкин нест. Ба ин кор табибибон баъди шаш моҳи ҷарроҳӣ иҷозат медиҳанд.

Барои корҳои хона аз касе ёри пурсидан лозим аст. Чунки кукҳои ҷарроҳӣ натиҷаи ҳаракати зиёд дарида хуншор шуданаш мумкин.

Синамаконӣ мувофиқи талаботи кудак додан лозим аст. Барои шир додан ҷароҳӣ ягон монеагӣ намекунад. Шири сина дар ҳолати табиӣ меояд ва ба кудак додани он ягон зарар надорад.

Ҳолати равонии модар баъди таваллуд бад мешавад. Махсусан агар зан буриши қайсариро намехосту аз рӯи талаб маҷбуран ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Атрофиён барои барқарор шудани модар кумак кунанду каме таҳамул намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД