sebiston july new
Никоҳи марди зинокор бо зани ботақво равост?
981

Ман солҳо дар Русия ва Аврупо будам ва бо занони ғайримусалмон айшу ишрати зиёд доштам. Ҳоло дар Ватан издивоҷ карданӣ ҳастам. Ҳамсари ояндаам духтари мусалмони боимон ва намозхон аст. Бисёр ботақвост. Оё ҷоиз аст, ки ба ӯ хонадор шавам?

ШАВКАТ, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Агар зинокор холисона тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул мекунад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба кунад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас бегумон ба шоистагӣ назди Аллоҳ бозмегардад». (Сураи Фурқон: 68-71).

Агар (марди зинокор) тавба кунад, метавонад бо зани муъмина издивоҷ намояд. Агар зинокор тавба кунад, бояд гуноҳони худро бипӯшонад ва онро ошкор накунад.

Пас, шумо ҳам бародари азиз тавба кунед ва аз амалҳои номашруъ даст бикашед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД