goodwell
Низоми бераводид байни Тоҷикистону Молдова нигоҳ дошта мешавад
93

Вобаста ба мувофиқаи бадастомада аз 1-уми апрели 2026 низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова барои дорандагони ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мувофиқаи мазкур дар пайи баромадани Ҷумҳурии Молдова аз Созмони сафарҳои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9-уми октябри соли 1992 ба даст омада, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва сафарҳои мутабоқила байни ду кишвар равона шудааст. Шаҳрвандони ду мамлакат имкон доранд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова на зиёда аз 90 рӯз дар давоми ҳар давраи 180 рӯз сафар намоянд.

“Нигоҳдории низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова ба манфиатҳои тарафайн ҷавобгӯ мебошад”,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД