formula
Нобовар Чаноров: Бо ширчойи чормағздор саҳархӯрак мекунам!  (Видео)
1937

-Нобовар ба меҳмонии ошхонаи «Оила» хуш омадед!
-Саломат бошед, аз даъвататон шодам.

-Шумо имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик маҳсуб меёбед, аз ҳамин хотир мухлисони бешуморатон мехоҳанд донанд, ки ба   ғайри сарояндагӣ боз чӣ ҳунарҳо доред?


-Панҷ панҷаам ҳунар аст гуфта наметавонам, вале ба ҳар ҳол ду-се ҳунар дорам. Ба ҷуз сарояндагӣ боз оҳангсозӣ, навозандагӣ ва актёрӣ аз дастам меояд.

-Магар ҳунари ошпазӣ надоред?
-Дорам, аммо хеле кам дегу табақро ба даст мегирам.

-Чаро? Хушатон намеояд ё пухтупаз карданро кори занона шумурда ор мекунед?
-На ину на он, ташвишам зиёд аст, аз ҳамин сабаб вақти ба ошхона сар халондан намеёбам.

-Ягон бор ҳангоми сафарҳои ҳунариатон дар хориҷа хӯроки тоҷикӣ пухтаед?
shirch1
-Ҳамроҳи Мастона Эргашева, Умари Темур ва Муставар Минаков ба кишвари Аврупо ба шаҳри Фаронса рафта консерт доштем. Апаи Мастона дар меҳмонхона ба мо, мардон рӯ оварда гуфтанд: “Канӣ, дасту остинатон бар занед, як бор мазаи дасти шуморо ҳам чашем!” Мо сари номус омада аз пайи ошпазӣ шудем. Диламон дар таппиш буд, ки апаи Мастона ба ошамон чӣ баҳо медода бошанд. Хайрият, ки шарманда нашудем. Хӯрок хушашон омад, ба мо офарин хонда оши олиҷаноб пухтед гуфтанд.

-Ошатон шӯр ё бенамак набуд?
-Оши онрӯза хуб буд, вале худам танҳо таом пазам, ҳатман бенамак мешавад. Барои ҳамин хӯрокро, ки кашидам, шишачаи намакро ҳам дар рӯйи дастурхон мегузорам.

-Шунида будам, ки ширчой яке аз хӯрокҳои беҳтарини мардуми Бадахшон ба ҳисоб меравад...?
-Ширчойро натанҳо дар Бадахшон, балки дар Тибет, Хитой ва Ҳиндустону Африқо низ дӯст медоранд.
-Шумо ҳам албатта ошиқи ширчой ҳастед?

-Бадахшоние, ки ширҷойро дӯст намедорад, бадахшонӣ нест!
image

-Хӯрокҳое, ки янга мепазанд, ҳамеша ба шумо хуш меоянд ё як-ду қошуқ мехӯреду “ман сер” гӯён, аз сари дастурхон мехезад?
-Янгаатон зани бисёр ҳунарманд аст, хӯрокҳои бомаза мепазад.

-Намешавад, ки янгаро ҳар рӯз ташвиш надода гоҳ-гоҳ ба тарабхонаҳо баред?
-Албатта бе ин намешавад. Мо ҳамроҳи ҳамсару фарзандонам тез-тез ба тарабхонаҳо рафта ғизо мехӯрем.

-Хӯроки дӯстдоштаатон чист?
-Аз хурдӣ макарон бо тушонкаро дӯст медорам. Афсӯс, ки тушонкаҳои имрӯза мазаи пешинро надоранд.
-Дар охир барои мухлисонатон ретсепти кадом хӯрокро пешкаш мекунед?
-Ҳар рӯз «Оила»-ро мехонам, аз сабабе, ки ягон ҳунарманд оиди ин хӯрок нагуфтааст, мехоҳам барои мухлисонам ширчой омода кунам.

Маҳсулот:
Шаш коса об,
Чойи қоқи сиёҳ-ду қошуқ,
Мағзи чормағз -як коса.
Шири хом-2-коса
Намак, мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:
Аввал обро бо чойи қоқ хуб меҷӯшонему баъд ба он чормағз ва 2 коса шир илова менамоем. Ширчойро 15 дақиқа ҷӯшонда намак мепошем. Ширчой, ки пухт, ба косаҳо кашида равғани зард меандозем.
shirch2

Иштиҳои том!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД