Хигиеника
Номномаи Исломӣ | Номҳои духтарона бо ҳарфи "Н"
37122

Н –

 

НАБО نبا номи духтарона аст; осмон («Зебоном»);

НАБИЛА -  نابیلھ некӯсурат; шариф, наҷиб; зирак

НАВБАҲОР نوبهار ,маънии он дар фарҳангҳо: 1. баҳори нав, шодоб ва тоза чун баҳор («ФЗТ», «Фарҳехта», «ФНЭ», «Муъин»); фасли баҳор, аввали баҳор, оғози фасли баҳор («Дурҷ», «Амид», «Анҷуманоро»); рабеъ («Нозим», «Деҳхудо»); фаслест аз фусули арбаъа («Бурҳон»).

2. гул ва шукуфаи тозаи дарахт («ФНЭ»); сабзаи навруста («Деҳхудо»);

3. киноя аз маҳбуб ва маъшуқи зеборӯй («Деҳхудо»); дилбари зеборухсор, маҳбубаи ниҳоят соҳибҷамол;

4. қисми гул («Деҳхудо»).

НАЗИРА а. نظیره муаннаси назир; номи духтарона.

НАЗИФА а. نظیفه таъниси назиф; сифати занони покдоман ва покизадил.

НАЗОКАТ نزاکت калимаи форсист, бар вазни луғати арабӣ; 1. 

2. покизагӣ («Амид», «Муъин», «Дурҷ»); ноб;

3. хушахлоқӣ, рафтори писандида («Муъин»); салиқа («Ф.Низом», «Деҳхудо»); салиқаи некӯ («Фарҳехта», «Дурҷ»); хӯи хуш («Амид»);

4. нармӣ, мулоимат, оҳистагӣ; ин ном ба муроде ба фарзанд гузоранд, ки то ӯ дорандаи феълу атвори шоиста гардад; 

5. адаб («Амид», «Муъин», «Дурҷ»).

    НАЗРИЯ -  نذریھ аҳд, паймон; садақа, қурбонӣ

    НАЗОФАТ а. نظافت тозагӣ, шодобӣ, хуррамӣ (гиёҳ, инсон «Дурҷ», «Фарҳехта»); обдорӣ («Муъин», «Fиёс») хуррамии гиёҳ ва дарахт, тозарӯйӣ («Амид», «Вожаҳои сара»); тароват («ФЗТ»); тозарӯ; ва тозаю обдор шудан («Мунтахаб»); шукуфтагии рӯй, шукуфтагии дарахт, сарсабзӣ ва хуррамӣ.

НАИМА -  نعیمھ неъмат, нозу неъмат, тавонгар

НАМОЁН -  نمایان машҳур, маъруф, назаррас

НАРГИС نرگس аз номҳои зебо ва хушоҳангест барои духтарон; 

2. маҷ. чашм («Ф.Шоҳнома»); чашми маҳбуба («Баҳори Аҷам», «Муъин», «Бурҳон», «Онандроҷ»)

НАРГИСА نرگسه 1. ниг. наргис.

2. гули сунъӣ, ки аз оҷ ё устухон тарошида ба шифти хона барои зинат ҷой медиҳанд («ФЗТ»); 

3. киноя аз кавокиб («Баҳори Аҷам»); киноя аз ситорагони осмон («Ҷаҳонгирӣ», «Анҷуманоро», «Ф.Низом», «Бурҳон», «Онандроҷ»);

4. Парвинро низ гуфтаанд («Бурҳон», «Ҷаҳонгирӣ», «Деҳ-худо»).

НАСИБА а. ﻧﺼﯿﺒﻪ ном барои бонувон; маънияш дар луғот: баҳра, насиб («Дурҷ»); 

2. қисмат («Баҳори Аҷам»); тақдир, сарнавишт, ё насибаи азал, тақдири илоҳӣ («Дурҷ»).

НАСИМА а. نسیم муаннаси насим; ном барои бонувон.

НАСРИННИСО نصرالنسا ин ном мураккаб аст аз калимаҳои арабии насри (фирӯз) ва нисо (занон). 

НАСТАРАН نسترن номест аз номҳои духтарона; маънии он дар фарҳангҳо: 1. номи як гули хурди хушбӯи зебо, ки сафед ё сурх буда, дар шохаҳо ғуҷум-ғуҷум кушода мешавад («ФЗТ»); 

2. гулзор («Бурҳон», «Нозим»); гулистон («Деҳхудо»); маконе, ки анвои гуногуни гул касир бошад, гулшан, гулзор. 

НАФИСА I а. نفیسه таъниси нафис, ном ва сифати занона.

НАФИСА II نفیسه ном барои занон; маънии он дар фарҳангҳо: чизи нафиси қимати камёб («ФЗТ»); чизҳои гаронмоя ва писандида ва латиф ва марғуб («Нозим», «Деҳхудо»)ҷ. 14 646).

     НАҶИБА -  نجیبھ шариф, асилзода, бузургзода, гиромӣ, порс

НЕКТАН نیک تن ном барои бонувон; соҳиби қадду қомати зеборо гӯянд ва низ гулбадан, зеботан, хубсурат, тансиҳат ва солим. 

НЕКЧЕҲРА نیک چهره номест мансуби занон; соҳиби рухсораи зебо, хубчеҳра, хубсурат.

НИГИН نگین ном барои занон; маънии он дар фарҳангҳо: 1. ангуштарин, ангуштарӣ («ФЗТ»); муҳр, ангуштарӣ («Ф.Шоҳнома»); ба маънии ангуштарӣ маҷоз аст («Баҳори Аҷам»); ангуштарӣ («Нозим», «Деҳхудо», «Дурҷ»).

2. санги ангуштарӣ, санги қиматбаҳои ангуштарин («ФЗТ»); 

3. ангуштарини муҳрдори подшоҳон («ФЗТ»); муҳри подшоҳон («Муъин»); муҳри подшоҳон («Нозим», «Деҳхудо»); муҳри шоҳӣ («Дурҷ»); хотам, хотами салотин.

НИГИНА نگینه ниг. нигин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД