Нон дар хоб чӣ таъбир дорад?
24.11.2025
Oila.tj
46

Хоб дидам, ки дар нонвойхона кор мекунам. Атрофам пур аз нонҳои гарму гуногун. Бӯйи нони гармро дар хобам эҳсос мекунам. Ин хоби ман чӣ таъбир дорад?

МУРОДУЛЛОҲ, ш. Норак

Посух:

- Нонвой дар хоб ба зиндагии серу пур ва босаодат ишора мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо ба маънои муҳаббати волидон аст. Дар хоб нон пухтан нишонаи ба даст овардани ҳосили хуб ва дороӣ аст. Аз дасти нонпаз нон гирифтан дар хоб маънои аз зиндагии ин нафар фоида ба даст овардану аз ғаму кулфат раҳо шуданро дорад.

Яъне хоби шумо таъбири нағз дорад. Зеро нон дар хоб нишон аз хайру баракат аст.

Нон аз орди сафед нишон аз зиндагии серу пур таъбир мегардад. Нони сафеду покиза нишонаи зиндагии хушбахтонаву беҷурм аст. Нафаре, ки дар хобаш нонро миёни одамон ё камбизоатон тақсим мекунад, илму маърифати даркорӣ аз худ намуда, дороияш афзун мегардад. Дар хоб аз дасти шахси фавтида нон гирифтан маънои ба даст овардани маблағи пулӣ ё мояи рӯзгузаронист.

Нони аз ҳад зиёд мулоим нишонаи он аст, ки шахси хобдида бар ивази заҳмати зиёд маблағи ночизе ба даст меорад.

Агар шумо дар рӯзгоратон ягон мушкил дошта бошед ва хоб дида бошед, ки дар нонвой кор мекунед, умед аст, ки рӯзгоратон ба сомон хоҳад шуд. Зеро нонпазӣ дар хоб кӯшиши беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ дар бедорӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД