arzon replenishment
Норозигии зани 122-сола аз “умри кӯтоҳаш”
965


Жанна Луиза Калман 122 солу 164 рӯз зиндагӣ карда, дар дарозумрӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Жанна дар шаҳри Арли Фаронса ба дунё омадааст.

Вақте манораи Эйфелро сохтанд, Жанна 14 сол дошт. Дар синни 85 -солагӣ шамшербозӣ мекард, дар 100 велосипед меронд, 114 сол дошт, ки дар филм нақш бозидааст, дар 115 -солагӣ ҷарроҳиро аз сар гузаронда, дар 117 аз сигор даст кашид.

Вақте Жанна 90 - сола буд, бе меросхӯр монд ва бо ҳуқуқшиносе бо исми Раффи (47 - сола) шартнома баст, ки ҳавлиашро ба ӯ мерос мемонад, аммо Раффи аз ӯ пештар вафот кард. То лаҳзаҳои охири ҳаёташ Жанна ақли комил дошт. Вақте дар синни 120 - солагӣ аз ӯ мепурсанд, ки зиндагиро чӣ гуна дарёфтед, бону ҷавоб дод: «Хеле кӯтоҳ!»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД