sebiston july new
Нозанин аз хонаи шавҳараш занг мезанад
12338

Ман Муборакшо, аз ВМКБ ҳастам. Замоне бо Нозанин ном духтаре муносибати ошиқона доштам. Мо якдигарро сахт дӯст медоштем. Нозанин як лаҳза бе ман наметавонист, ман як лаҳза бе ӯ, вале тақдир моро аз ҳам ҷудо кард. Рӯзе, ки ӯро ба хонаи бахташ гусел намуданд, ҳеҷ аз хотирам намеравад.


Ман ҳам оиладорам. Занам беҳтарин духтари дунё бошад ҳам, Нозанинро фаромӯш карда наметавонам. Дӯстдоштаам пеш аз тӯй ба ман занг мезад. Ба ӯ гуфтам, ки илтимос, дар рӯзи тӯям занг назан, хурсандии маро ба мотам табдил мадеҳ. Ӯ бошад, рӯзи тӯй ва ҳатто рӯзи никоҳ маро ором нагузошт.
Билохира, баъди тӯйи ман тӯйи Нозанин барпо шуд. Ӯ ваъда дода буд, ки ҳатто аз хонаи шавҳараш ба ман занг мезанад. Рӯзе бо рақами махфӣ ба телефонам занг омад. Бардоштам, хомӯш истод. Дигар рӯз боз занг омад. Ин бор овози Нозанинамро шунидам. Дилам реш шуд. Натавонистам бигӯям дигар ба ман занг назан, дилашро шикастан нахостам. Медонам, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро мунтазам мутолиа мекунад. Аз ин рӯ, гуфтаниям, ки “агар сатрҳои маро мутолиа мекарда бошӣ, маро хонавайрон накун, Нозанин!”
Кароматуллоҳи Имомалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД