6-уми ноябр Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев 77-солагии худро қайд карданд. Мавсуф дар ҷомеа ҳамчун ҳунарпешаи театру синамо, нависандаи забардаст ва гӯяндаи барномаи маъруфи “Беғараз панд” шинохта шудааст. Мо ба муносибати зодрӯзи ин ҳунарманди хушном чанд саҳифаи рӯзгору фаъолияташро барои хонандагон пешкаш мекунем.
Ҳиссаи якум: ним аср дар саҳна
Ҳарчанд Нурулло Абдуллоев хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи ДДСТ ба номи М. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) буд, вале дар аввал ӯ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси коргари саҳна фаъолият мекард.
Мавсуф аввалин нақшашро дар театр чунин ёд меорад: “Баробари ба театр чун ҳунарпеша омаданам, нақшҳои зиёде доданд, ки ман бештари онҳоро хеле ноуҳдабароёна иҷро мекардам. Аз ин лиҳоз, нақши эпизодии (хурдакаки) Ноиби қозикалон аз намоиши “Алломаи Адҳам ва дигарон”-и С. Улуғзода, ки онро бузургустодам Маҳмудҷон Воҳидов рӯи саҳна оварда буданд, аввалин иҷроиши ҳунармандии худ мешуморам”.
Нурулло Абдуллоев 50 сол мешавад, ки дар саҳнаи театр аст. Ӯ садҳо нақш офаридааст ва ба ҷомеа садҳо паём додааст ва бовар дорем, ки рисолати ҳунармандиашро ба таври олӣ иҷро кардааст. Агар ёд биёрем, нақшҳои бозидааш Муфаттиш («Бадқасд»-и А. Чехов), Аврангзеб («Зебуннисо»-и М. Шералӣ ва Ш. Қиёмов), Леонидик («Марати бечораи ман»-и А. Арбузов), Гратсио («Ҳамлет»-и У. Шекспир), Шокиров («Раъно»-и Н. Исломов), Абдулло («Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Вахтанг Мебуке («Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхаидзе), Креонт («Шоҳ Эдип»-и Софокл), Моҳрӯй («Ғуруби Аҷам»-и Ҷ. Қуддус), Амир Наср («Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ), А. Раҳимбоев («Драмаи миллат»-и С. Айюбӣ) ва ғайраҳо пеши назарамон меоянд.
Дар мавриди толорҳои холии театр ва кам будани тамошобинон дар суҳбате андешаи ҷолибе баён карда буданд: “Фикр мекунам, мушкили театрҳои мо надоштани реклама аст. Намоишҳои театрӣ тарғиб намешаванд, дар матнҳои тарғиботӣ муҳимият ва доғи рӯз будани мавзӯи онҳо дарҷ намегарданд, ҷомеаро такон намедиҳанд, ки бояд фалон намоишро тамошо кунад”.
Нурулло Абдуллоев дар пардаи синамо низ нақшҳои зиёд бозидааст, аз ҷумла дар филмҳои «Тирпаронӣ дар ағба», «Дом барои шағолон», «Духтарони «Суғдиён», «Нахи нуқратоб», «Марди роҳ», «Тақвими интизорӣ», «Зистан мехоҳад», «Оғози умри ҷовид», «Дар орзӯи падар» ва ғайраҳо ҳунарнамоӣ кардааст.
Ҳунарманд аввалин нақши офаридаашро дар филм чунин ба хотир меорад: “Аввали солҳои 80-уми асри гузашта нақши Саид-мерганро дар филми “Хонаатон обод бод!”, ки коргардон-таҳиягараш Тоҳир Собиров буд, иҷро кардам”.
Ҳиссаи дуюм: “Пандномаи пирони пуртадбир”
Тавре дар боло ишора кардем, Нурулло Абдуллоевро мардуми мо ҳамчун гӯянда ва муаллифи бархе гуфторҳои барномаи маъруфу овозадори “Беғараз панд” мешиносанд. Дар суҳбати кӯтоҳе, ки бо эшон доштем, дар ин маврид ба мо хабари хуш расонд: “Шукр, ҳоло барномаи “Беғараз панд” фаъол аст ва насиб бошад ба наздикӣ бархе саҳнаҳои муаллифӣ ва матни баромадҳоямро дар шакли китоб бо номи “Пандномаи пирони пуртадбир” аз тариқи Нашриёти “Адиб” нашр хоҳам кард.
Воқеан, барномаи “Беғараз панд” аз ҷумлаи сертамошобинтарин барномаҳои телевизиони тоҷик аст. Агар рисолати онро бо як ҷумла ҷое навиштан хоҳем, пас, “талқини некӣ ва маҳкуми бадӣ” менависем.
Агар ба таърихчаи пайдоиши барномаи мазкур назар кунем, маълум мегардад, ки онро Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Маҳмуд Тоҳирӣ бо коргардонии Музаффар Ғаниев охири соли 1974 дар Телевизиони Тоҷикистон ташкил карданд.
Дар мавриди ровии барнома шуданаш Нурулло Абдуллоев чунин мегӯяд: “Ду сол устод Маҳмуд Тоҳирӣ барномаро пеш бурданд. Он кас бемории фишори чашм доштанд ва назди дастгоҳи наворбардорӣ зиёд истода наметавонистанд. Чун диданд, ки ҳолати доштаашон бо кори мекардаашон созгор нест, маро ба ҷойи худ гузоштанд”.
Ба гуфтаи Нурулло Абдуллоев барномаи “Беғараз панд” то давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто пас аз он ҳам таҳия мешуд ва муддате замони даргириҳо таваққуф кард. Пас аз осоиштагӣ бори дигар барнома фаъол гардида, тӯли 14 соли дигар он давом ёфт. Баъд, муддате боз танаффус кард ва пас аз чанд сол бо номи "Андарз ниёгон" фаъол гардид.
Ҳоло бошад, бо номи аслиаш “Беғараз панд” дар саҳифаи шахсии Нурулло Абдуллоев дар шабакаи YouTube пахш мешавад, ки албатта, бинандаи худро дорад.
Ҳиссаи сеюм: монологнавис ва китобдор
Ҳунарманди хушном Нурулло Абдуллоев ба мо боз як хабари хушро расонд. Хабар дод, ки монологҳо ва танзҳояшро ҷамъоварӣ кардааст ва ният дорад дар панҷ ҷилд тариқи нашриёти Адиб нашр намояд.
“Бархе монологҳо ва танзҳоямро ҷамъ кардам, ки панҷ ҷилди 70-80 саҳифаӣ шуданд. Ин китоби панҷҷилда бо номи “Мангар кӣ мегӯяд, бишнав чӣ мегӯяд” мураттаб гардид. Ният дорам, онҳоро якҷоя нашр кунам ва ба дасти хонанда бирасонам.
Воқеан, солҳои зиёд аст, ки Нурулло Абдуллоев ба навиштан машғул аст ва зиёдтар монолог менависад. Дар суҳбате чунин гуфта буд: “Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нооромиҳо, нобасомониҳо ва ноадолатиҳоро дида, монологнавис шудам. Агар, ки вазъияти он солҳо намебуд, шояд ман ҳеҷ гоҳ худ бо худ гап намезадам”.
Солҳои пеш монологҳояш дар нашрияҳои фаъол нашр мешуданд, вале ҳоло танҳо дар Фейсбук онҳоро мегузорад, ки албатта, хонандаи зиёд доранд.
Чун сухан аз эҷоду чопи китобҳо рафт, мехоҳем қайд намоем, ки Нурулло Абдуллоев аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки китобхонаи шахсии худро дорад. Эшон ба фикрест ки то ҳол инсоният чизе беҳтар аз китоб ихтироъ накардааст. Ва мегӯяд: “Ҳунарманде, ки китоб намехонад, мисли муаллимест, ки китоб намехонад”.
Тавре ба мо маълум шуд, ҳоло дар китобхонаи шахсии Нурулло Абдуллоев зиёда аз панҷ ҳазор китоб маҳфуз аст. Ӯ мегӯяд: “Китобро ягон чиз иваз карда наметавонад: на телевизион, на кино, на интернет ва ҳатто на театр. Албатта, китобу театр бо ҳам хеле тавъаманд, аммо китоб дигар аст ва ҷойгоҳи худашро дорад. Зеро, вақте ки мо китоб мехонем, дар он ҷараён мо ҳам китобхонем, ҳам ровием, ҳам қаҳрамонем, ҳам коргардонем, ҳам ба саҳнагузоранда ва ҳам оператору танзимгар. Яъне, ҳама кас худамонем, ҳама чиз дар дасти худамон аст”.
Дар мавриди китобхонӣ ва мушкили кам будани китобҳои хуб ҳам андешаи ҷлиб дорад: “Барои ман китобхонӣ одат аст, одате, ки ҳеҷ гоҳ тарк намекунам. Ҳоло маҷмуаи ҳикояҳои фаронсавиро дастрас кардам, ки бо забони русӣ тарҷума шудааст. Кош дар мо ҳам чунин имкон мебуд, ки асарҳои хуби хориҷӣ тарҷума мешуданд ва дастраси хонандагон мегаштанд. Дар дигар давлатҳо корхонаҳои махсус ҳастанд ки адабиёти хориҷӣ тарҷума мекунанд, аммо дар мо нест, ки албатта, ба рушди зеҳнии мардум бетаъсир намемонад.
Ҳиссаи чорум: дар остонаи пирӣ
Нурулло Абдуллоев ба 77 қадам монад ҳам, хеле дили ҷавон ва диди замонавӣ дорад. Ӯ дар 64-солашиаш ба ронандагӣ оғоз кард ва аз уҳдаи ин кор бисёр хуб мебарояд.
Ҳамчунин, пас аз 60-солагӣ ба интернет рӯ овард, ба ҷое, ки аз ҳама зиёд ҳунармандони ҳирфаӣ намерасанд. Ӯ ҳоло дар YouTube, Facebook ва Telegram саҳифа дошта, мунтазам матлаб нашр мекунад. Дар ин маврид мегӯяд: “Ҳоло дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳунарманд бояд бинандаву мухлиси худро ҷӯяд, чун мебинем, ки мардум дар YouTube ва Facebook бисёртар менишинанд, ман ҳам бо роҳнамоии ҷавонон ва дӯстонам ба ҷустуҷӯи фазои маҷозӣ баромадам. Интернет фазои кушод, озод ва пур аз рақобату дилгармиҳо аст. Умед дорам, ки ҳаводорони сухани воло ва фарҳангдӯсту бомаърифат моро оҳиста-оҳиста меёбанд”.
Ҳ. ТОҲИРӢ