sebiston july new
Ҳоҷӣ Мирзо: Марде, ки занро мезанад, душмани пайғамбар аст!
3246

 

Аксари мардҳои мусалмон бо истифода аз номи дини мубини ислом ба зан зулму ситам мекунанд ва худро сафед карда мегӯяд: “Биҳишти зан дар кафи пойи шавҳар аст.

Мард чизе, ки нагӯяд ва чи коре, ки накунад, зан ҳаққу ҳуқуқи ба рӯйи шавҳараш сахт нигаристанро надорад. Мард, агар иҷоза надиҳад, зан ҳақ надорад, ки ҳатто ба ҷанозаи падар ё модараш равад...”

Ин гуфтаҳо то куҷо асос доранд? Оё зан ҳам аз нигоҳи ислом ягон қадру қиммат дорад ё не? Барои фаҳмидани ин нозукҳо мо чанд саволи муштариёни Оиларо ба яке олим ва воизони машҳури дин-Ҳоҷӣ Мирзо пешниҳод намудем. Инак, посухи ин марди фозилро манзуратон месозем.

Арши худо аз талоқ мезарзад!

Шавҳарам як одати бад дорад, ҳаимн ки коса ба лаби кӯза расид, маро тарс дода мегӯяд: “дамта гир, ки ҳозир се талоқат мекунам!” Ростӣ, ин гапаш ба дилам задааст. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ин калимаи шумро дар ҳар сари қадам ба забон нагирад, боз ҳамон суханҳои талхро ба забон меорад. Метарсам, ки ягон рӯз дар сари қаҳру ғазаб талоқамро дода, баъж пушаймон мешавад. Як шавҳари ман не, имрӯз аксари мардҳои тоҷик бо баҳонаҳои ночиз занашонро талоқ медиҳанд. Мехостем, назари исломро ба ин масъала бидонем. Магар мард ҳақ дорад, ки барои тарсондани занаш дар сари ҳар қадам калимаи талоқро ба забон бигирад?

Гулоро, н. Ҳисор

Посухи Ҳоҷӣ Мирзо

Ин амали шавҳари шумо бисёр беақлона буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин мард оқилу дурандеш набудаст. Аз ислом занро метарсонад, вале маълум аст, ки худаш аз нозукиҳои ин дин тамоман хабар надоштааст. Ба забон гирифтани ин калом барои марде, ки худро мусалмони асил меҳисобад, манфур аст, чунки шариати ислом талоқро мањкум менамояд. Вақте ки мард калимаи талоқро ба забон мегирад, Арши Аъзам ба ларза медарояд. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалам фармудаанд: «Бадтарин ҳалолаҳо назди Худованд талоқ аст». Мо, ки пайрави ин дини пок ҳастем, бояд забони худро ҳеҷ гоҳ ба гуфтани ин калимаи манфур одат накунонем. 


Мегӯянд, ки очаҷон, беҳуда кӯшиш накунед, ман акнун худоро шинохтам ва дигар аз ин роҳ намегардам. Намедонам то кадом андоза ин гап рост аст, вале духтарам мегӯяд, ки тоҷикону узбекони зиёде аллакай дини насрониро қабул кардаанд ва ҳатто фарзандони хурдсолашон дар калисо таълими динӣ мегиранд.


 

3-қарзи шавҳар дар назди зан

Тамоми муллову эшону воизони тоҷик, ки дар масъалаҳои динӣ амри маъруф мекунанд, ҳамеша дар бораи қарзҳои зан дар назди шавҳар мегӯянд. Шавҳар ҳам дар назди зан ягон ӯҳдадорӣ дорад ё не?

Аслия, ш. Душанбе

Посухи Ҳоҷӣ Мирзо

Дар ҳадисҳои пайғамбар омадааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абубакри Сиддиқ хитоб карда фармудаанд: “Эй Абубакр, агар мард бо чеҳраи кушода ҳамсарашро нигоҳ кунад, савоби озод кардани як ғулом ба ӯ дода мешавад!”

Пеш аз ҳама мард бояд бо занаш хушрафтор бошад. Қарзи дуюми шавҳар ин аст, ки ҳамсари худро ризқи ҳалол диҳад. Либосе, ки барои зан мехарад, бояд аз пули ҳалол бошад. Сеюм: Мард бояд ба зану фарзандонаш ахлоқи ҳамида омӯзонад ва чӣ будани ҳарому ҳалолро таълим диҳад.

Расули Акрам фармудаанд: «Сахтарин азоб дар қиёмат он аст, ки аҳли оилаи худро ҷоҳил нигоҳ дорад.»         

Пайғамбар аз марди занозор безор аст!

Қариб тамоми мардҳои тоҷик занҳояшонро мезананд. Вақте ки зан ягон эътироз кунад, шавҳар албатта қуръон ва динро дастак “зан моли мард аст” мегӯяд. Ман инро аз таҷрибаи ҳаёти худ ва хоҳаронам мегӯям. Мо, панҷ апаю хоҳар на ғарем на дузд, вале мудом аз шавҳаронамон шатта мехӯрем. Мехостам донам, ки дини мубини ислом дар ин бора чӣ мегӯяд, охир зан саг нест, ки як лагад зада, як пора нон диҳанд-ку?!

Бибигул аз ш. Кӯлоб

Посухи Ҳоҷӣ Мирзо

Маде, ки динро дастак карда, ҳамсарашро бе гуноҳ зери мушту лагад мегирад, дар пешгоҳи худованд албатта гунаҳкор мешавад. Дар ягон ҷойи Қуръони карим гуфта нашудааст, ки шавҳар бояд занро баҳудаю беҳуда занад. Пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад дар муносибат бо ҳамсаронашон бисёр меҳрубон буданд. Рӯзгори паёмбар бояд барои мо, ки худро пайрави дини мубини ислом мешуморем, дарси ибрат ва намунаи олии пайравӣ бошад. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки Пайғамбари Акрам (с) фармуданд: «Занонро лату куб накунед! Ҳар касе занашро бесабаб мезанад, ман, ки пайѓамбарам, рўзи қиёмат душмани ӯ хоҳам буд.»

Марде, ки занро бесабаб мезанад, гўё бар Худо ва Расул исён кардааст.

Духтари тоҷик шавҳари рус кунад кофир мешавад?

Ҷавоне қариб як сол боз мисли соя аз пасам мегардад. Ростӣ, бисёр бачаи хуб аст. Ҳаргиз носу сигорро ба даҳон намебарад, шароб наменӯшад, духтарбозӣ намекунад, ҳатто намоз мехонад, вале як айб дорад-падараш рус аст. Ман ба ин ҷавон ба шавҳар бароям, кофир намешавам?

М, ш. Хуҷанд

Посухи Ҳоҷӣ Мирзо

Ҷавони дӯстдоштаатон, агар мусулмон бошад, новобаста ба он ки падараш рус аст ё модараш, боке надорад, метавонед бо ӯ оиладор шавед. Миллат не, эътиқоди динӣ муҳим аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД