Александр Данчев аз шаҳри Алмаато, ки бо лақаби «Одами оҳанин» маъруф аст, тавонист бо дандонҳояш дар ҳаво овезон монда, даҳ мехи оҳанини 20-сантиметриро бо дасти урён ба ду қисм тақсим кунад.
Ин корнамоии ҳайратангезро ба шарофати ширкати Agent Orange- намояндаи расмии мотоциклҳои KTM дар Қазоқистон иҷро кард.
Ҳоло Александр, ки ӯро «Геракл аз Алмаато» меноманд, фикр дорад рекорди нав гузорад: ё бо дандонҳояш даҳ дона табақро ба «буррито» печонад, ё мотосикли KTM Super Adventure S 2021-ро бо саворааш аз замин бардорад, ё чалаки холиро мисли Роберто Карлос бо усули махсуси варзишӣ ба масофаи 30 метр дур партояд!