sebiston july new
Одоби либоспӯшӣ аз назари ислом
1280

 

Либоси наву тоза пӯшидан савоб аст?

Ҳар инсон барои муҳофизат аз гармою сармо ва пўшонидани аврати худ ба либос эҳтиёҷ дорад. Либос бояд шинаму зебо ва тоза бошад. Ҳар кас мувофиқи фасли сол, қудрату тавоноӣ ва завқи худ либос мепўшад. Либос пўшидан низ одоби худро дорад. Ҳангоми пўшидани либос аз рост (дасти рост, пои рост) ибтидо кардан суннат аст. Бояд либос пок ва шусташуда (намозӣ) бошад.

Шахси сарватманд вобаста ба дороии худ либос мепўшад. Ашхоси фақир либоси нисбатан арзон ба бар мекунанд. Либоспўшии кормандони соҲаҲои гуногун аз Ҳам фарқ мекунад. Масалан, ҳеҷ гоҳ даҳмарда мисли ошпаз ё сартарош хилъати сафед пўшида ба чарогоҳ намеравад. Ё ин ки нонвой шиму костюму галстук баста ба танўр нон намечаспонад. Аҳли касбу ҳунар либоси махсуси худро доранд.

Илова бар ин барои мардони мусулмон дар ҳузури бонувон бо шортик ва ё брижаи варзишӣ гаштан аз рўи одоб нест.

Ҳазрати Умар (р) фармудаанд, ки «аз ду навъ либос пўшидан парҳез намоед: аз либоси шўҳрат (фахр, такаббур) ва аз либоси пасту ҳақир (жанда).

Модари муъминон Ҳазрати Оиша (р) нақл мекунад, ки марде назди Расули Худо (с) омад, ки либоси жанда пўшида буд. Расули Худо (с) аз ў пурсиданд, ки «мол дорӣ?» Он мард гуфт: «Худованд аз тамоми навъи молҳо бароям додааст».

Пас, Расули Худо (с) фармуданд: «Чун Худованд ба бандаи худ чизе инъом намояд, мехоҳад асари онро дар вай бубинад».

Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: «Либосҳоятонро тоза намоед ва пок бисозед» (тоза гаштани шумо) Ҳоли бадро ба душманатон мебарад. Яъне, чун душманони ислом шуморо бо либоси покизаву ороста бубинанд, бадҳолу нохуш мегарданд.

Дини мубини ислом пайравони худро ба риояи покизагиву зебо будан даъват мекунад. Ҳазрати Муҳаммад (с) покизагиро бахши асосии дин эълон намудаанд: «Дин покизагист», Ҳамчунин ишон фармудаанд: «Худованд ҷамил (зебо) аст ва ҷамол (зебоӣ)-ро дўст медорад». Аз ин рў зебу зинат на ба хотири фахр, балки бояд ба хотири ризои Худо бошад. Дар либос исрофкорӣ намудан, яъне либоси қиматбаҳо харидан, либосро харидану напўшидан ё хеле кам пўшидан ҷоиз нест. Либос набояд танг ва ё кўтоҲ бошад. Зеро аз як тараф пўшидани либоси тангу кўтоҳ макруҳ бошад, аз тарафи дигар он ба саломатӣ зиён дорад. Зеро ҳаракати хунро дар бадан мушкил гардонида, ба пўст ҳаво намерасад. Пўшидани либоси синтетикӣ дар ҳавои гарм боиси арақкунӣ ва бадбўии бадан мешавад.

Бинобар ин дар фасли тобистон либоси пахтагину ба бадан муносиб пўшидан беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД