Arzon march 2024
Оқибати дузанагӣ Сӯҳробро ба он дунё бурд
5012

 

Овозаи марги Суҳроб, ки худро ба дор овехта кушта буд, дар як дам барқсон дар сар то сари деҳа паҳн гашт.

Мардум байни худ миш-мишкунон сабаби даст ба худкушӣ задани ин ҷавони ҳалимро, ки дар тӯли ҳаёти 30 солааш ҳатто пашшаеро озор надода буд, меҷустанд. Яке волидони Суҳробро гунаҳкор мекард, дигарӣ айбро ба сари занаш мезад, саввумӣ ин ҳамаро аз тақдиру насиб дониста, «аз қисмат ҷойи гурез нест» мегуфт, вале асли гап ба касе маълум набуд. Суҳроби паҳлавонро чӣ ё кӣ ба худкушӣ маҷбур кард, барои ҳама муаммо буд.

Бачаи гапдаро

Суҳроб дар байни фарзандони падараш, ки 10 нафаранд, тамоман дигар буд. Вай натанҳо аз хоҳару бародаронаш, балки умуман аз тамоми ҳамсолонаш фарқ карда меистод. Аз ҳад зиёд меҳрубон ва гапдаро буд, кӯшиш мекард, ки аз хати кашидаи падару модараш берун набарояд, вале…

Оташи ишқ

Беҳуда намегӯянд, ки ишқ нерӯи сарҳадшикан аст, на парвои шоҳӣ дораду на гадоӣ, ба дили касе, ки хост, тирвор ҷой шуда, дунёи ӯро батамом дигаргун месозад. Суҳроби гапдаро низ ошиқ шуд, ошиқи як духтари нозанини шаҳрӣ. Бо дидани он зебосанам дилаш моломоли орзуҳои ширин гашта мисли кабӯтар дар қафаси сина пар-пар мезад, вале аз гуфтани ин роз ба волидонаш метарсид. Ҷуръат намекард бигӯяд: Дадаҷон, очаҷон, ман духтари дӯстдошта дорам, ба хонаашон хостгорӣ равед!


Акнун худатон фикр кунед, ки ман ин қадар маблағи калонро аз даст дода, ба чӣ ҳол афтидам. Муддати як ҳафта ҳеҷ ба худ омада наметавонистам, корам фақат гиряву нола буд.

 


Ҷавон дар байни оташу об монда чӣ кор карданашро намедонист.

Сиёсати падар

Падари Суҳроб-амаки Субҳон марди бисёр ҷиддист, аз ин рӯ кам одамон ҷуръат карда бо ӯ ҳамсуҳбат мешаванд. Суҳроб низ ҷуръат намекард, ки ҳатто ба рӯйи падараш нигоҳ кунад, ҳарчанд дар умраш ягон бор аз ӯ гапи пасту баланд ва сахт нашунида буд. Шояд солҳои зиёд дар мақомоти милиса кор карданаш ба рафтору гуфтори амаки Субҳон таъсир гузошта бошад, бисёр марди босалобат менамояд. Ҳангоми бо ӯ суҳбат кардан касро беихтиёр арақ зер мекунад. Суҳроб низ борҳо кӯшиш намуд, ки сирри дилашро ба падараш кушояд, бигӯяд, ки бо Манижа ном зебосанам аҳди ишқу муҳаббат дорад, вале ҳар дафъа бо дидани падар забонаш беихтиёр дар комаш мепечид ва осемасар нигоҳашро аз чашмони розҷӯйи ӯ гурезонда ба ҳавлӣ мебаромад. Мебаромаду дар дил афсӯс мехӯрод, ки чаро нагуфт.

Тӯйи пинҳонӣ

Дар дили Суҳроб ду қувваи бузург бо ҳам дар талошу мубориза буданд-эҳтироми волидон ва оташи сӯзони ишқ. Суҳроб саргаранг шуда чӣ кор карданашро намедонист.

Ниҳоят ишқ ғолиб омад ва ҷавон қарор дод, ки аз падару модараш пинҳонӣ Манижаи азизашро ба занӣ мегирад. Тӯйи онҳо бе иштироки волидон ва хешу ақрабои домод гузашта бошад ҳам, домоду арӯс чунон хурсанд буданд, ки гӯё тамоми дунё дар зери нигинашон бошад. Суҳробу Манижа он рӯз аз шавқи висол бе болу пар гӯё дар осмон парвоз мекарданд. Хушбахт буданд ошиқон, чунон хушбахт, ки ҳатто як лаҳза ҳам дар бораи оқибати ин тӯйи пинҳонӣ андеша накарданд.

Никоҳи дуюму зани якум

Пас аз муддате волидони пурорзуяш бехабар аз зангирии Суҳроб дар тараддуди хонадор кардани ӯ афтиданд. Арӯсро падараш интихоб карда буд. Суҳроб то рӯзи тӯй чанд бор кӯшиш кард ба волидонаш фаҳмонад, ки вай аллакай оиладору ҳамсараш фарзандро интизор аст, вале камҷуръатии зотиаш имкон надод, ки ин сиро кушояд. Метарсид, метарсид, ки падару модараш аз онҳо пинҳонӣ зан гирифтанашро ҳамчун беҳурматӣ нисбат ба худ қабул карда, сахт меранҷанд. Намехост дар назари волидонаш бачаи нописанд намояд, аз ҳамин хотир боз ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, мисли гӯсфанде, ки бо ресмон баста мебаранд, ночор ба мошин нишаста ба хонаи арӯс рафт ва дар зери навои карнаю сурнай келини хушкардаи падару модарашро ба хонаашон овард. Ҳама хешу табор ва меҳмонон бо шавқу сурур рақсидаю бозида ба онҳо хушбахтӣ мехостанд, аммо ба дили домод чизе намеғунҷид. Вай дар бораи ҳамсараш, Манижаи нозанинаш фикр мекард. Зан гирифтанашро хиёнат ба ишқи поки Манижа шумурда дарун ба дарун худро мехӯрд, азоби руҳӣ мекашид, чунон азоби сахт, ки танҳо худаш медонисту худо…

Дар байни ду дарё

Ин азоб солҳои дароз Суҳробро ёр гашт. Вай мисли моку дар байни ду зан рафту омад карда, сарҳисоби корашро гум карда буд. Манижа аввалин шуда ба никоҳи Суҳроб даромада бошад ҳам, баъди расман хонадор шудани ӯ зани дуюм ҳисоб мешуду келини ёфтаи волидонаш зани аввал, аз ҳамин хотир Суҳроб кӯшиш мекард дар шаҳр боз як зани дигар доштанашро касе аз пайвандонаш пай набарад. Аз аҳли оилаашон пинҳонӣ ба шаҳр омада бо Манижаи азизаш мисли ошиқу маъшуқа вохӯриҳои ширин мегузаронд. Дар дили ӯ танҳо ишқи поки Манижа шуъла мезад, вале маҷбур буд, ки шабҳоро дар деҳа дар канори ҳамсари қонуниаш саҳар кунад. Аслан ҳамсари қонуниаш ҳам духтари бад набуд, вале магар ба дил фармон дода мешавад, ки ту инро дӯст бидору онро не?! Дил дил аст ва кори худро мекунад!

Ҳосили ишқ

Солҳо бо ҳамин минвол турнасон гузаштану Манижаи азизаш барои Суҳроб паиҳам се фарзанд таваллуд кард. Нахли умри ҳамсари қонуниаш дар ин муддат на бо табобат бор оварду на бо муллодавӣ. Фарзандон риштаҳои мустаҳкаме буданд, ки Суҳробро торафт бештар бо Манижа мепайвастанд. Рӯзе, ки фарзанди сеюмашон, писарчаи паҳлавонашон ба дунё омад, Суҳроб ниҳоят тасмим гирифт, ки ҳарчи бодо бод, тамоми сирру асрори зиндагиашро ба падараш мекушояд. Бигзор волидонаш бидонанд, ки вай дар шаҳр зан дорад ва аллакай соҳиби се фарзанди гул барин хушрӯй шудааст. Бигзор пиру кампир набераҳояшонро бо меҳр ба оғӯш кашида орзуву ормонашонро шикананд.

Дуои падар

-Дадаҷон, маро бубахшед, ки то ин вақт ин сирро ба шумо нагуфтам. Ман дар шаҳр зан дорам. Номаш Манижа. Мо чанд сол боз зиндагӣ мекунем ва аллакай фарзанд ҳам дорем. Дирӯз фарзанди сеюмамон ба дунё омад. Писардор шудам, агар иҷозат диҳед, зану фарзандонамро ба деҳа биёрам,-Суҳроб инро гуфта чашмонашро ба замин духт.

Метарсид, ки падараш исён мебардорад, вале ғайри чашмдошти Суҳроб мӯйсафед хабари зандории писарашро оромона қабул кард.

-Суҳробҷон, чаро пештар нагуфтӣ, ки ту дар шаҳр зану бача дорӣ. Майлаш, ман розӣ, зану фарзандонатро биёр, вале аввал ба ин занат ҳамаашро ба хубӣ фаҳмон ва ӯро бурда дар хонаи падару модараш монда биё. Зиндагие, ки дар он ишқ набошад, магар зиндагист?! Дар кисаи кастюми ман пул ҳаст, рафта гир, барои аз таваллудхона баровардани набераам даркор мешавад,-падар инро гуфта даст ба дуо бардошта аз даргоҳи худованд умри дарозу бобаракати писару келину набераҳояшро талабид, аммо…

Фоҷиа

Суҳроб дуои сафеди падарро гирифта аз хона баромад, вале на бо ҳамсари қонуниаш суҳбати ошкоро карду на барои баровардани зану фарзандаш ба таваллудхона рафт. Кадом қувваи ноаёне ӯро ба оғилхона кашид ва ҷавони паҳлавон ба шифти болор ресмонеро партофта ҳалқаи дорро ба гардан андохта, курсии зери пояшро якбора шатта зад. Ҷуссаи паҳлавононааш чанд бор дар расан мисли мори захмхӯрда печутоб хӯрд ва Суҳроби ормонӣ ҷони ҷавонашро дар ҳалқаи дор ба ҷонофарин супурд…


Ману хушдоманам мисли очаю духтар бо ҳамдигар меҳрубон будем. Ҳама кору бори хонаро якҷоя карда, ба куҷое, ки наравем, ҳамроҳ мерафтем. Ҳаққу ҳамсояҳо ба мо ҳасад мебурданд.

 


Шумхабар

Модари зори Суҳроб бехабар аз ин бозии тақдир ба беморхона ба аёдати духтараш мерафт. Ҳанӯз ба бемористон нарасида буд, ки телефонаш занг зад. Дилаш худ аз худ сиёҳ шуда аз пешомада ногуворе дарак дод. Осемасар гӯшакро бардошт.

-Очаҷон, баргардед, акаам Суҳроб худашро ба дор овехтааст!

Бо шунидани ин шумхабар аз забони писари хурдиаш модарро гӯё барқ зад. Кампир фиғони ҷонсӯзи кашида, аз доғи писар зор-зор гирякунон аз ронанда хоҳиш намуд, ки ӯро ба хонааш барад. Таксист мошинро бодвор давонда ӯро ба зудӣ ба манзилаш расонд, вале аллакай кор аз кор гузашта писари паҳлавонаш бо манаҳи баста мехобиду хона мотамсаро гашта буд.

Суҳроби ғуррамаргро бо нолаҳои ҷонсӯз ба хок супурданд. Амаки Субҳон то ҳол ҳайрон аст, ки чаро писараш ба ҷони ҷавони худ ҷабр карда даст ба худкушӣ зад. Касе аз пайвандон ва дӯстону рафиқони Суҳроб низ ба ин савол ҷавоб дода наметавонад. Суҳроби ҳамеша хомӯш асрори маргашро низ хомӯшона бо худ ба дунёи абадӣ бурд. Ба дунёе, ки ба он ҷо роҳи рафтан ҳасту омадан не!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД