shoh palace
Оқибати хиёнат: Қудбиддинро гӯшу бинӣ ва олоти мардиашро бурида, чашмонашро кофтаанд
5516

 

Дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия миёни муҳоҷирони тоҷик ҷанҷоли гуруҳӣ сар зада, боис ба марги бераҳмонаи як нафар гардид.

Ҳоло мақомоти милитсияи шаҳри Қазон барои даст доштан ба ин куштор гурӯҳе аз муҳоҷирони кишварро дастгир намудааанд.

Ҳодиса рӯзи 13- майи соли равон рух дода, Қутбиддин ном сокини деҳаи Зери Ҳисори шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расидааст. Ӯро 14 май ба зодгоҳаш оварда, ба хок супориданд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Қутбиддин гӯё бо ҳамсари Фирдавс ном сокини деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент ишқварзӣ доштааст.Шавҳари он зан аз ин ҳолат огоҳ шуда, нангаш меояд. Бо ҳамроҳонаш, аз ҷумла додарарӯсаш гурӯҳ ташкил менамоянд ва Қутбиддинро бо истифода аз олотҳои вазнин ба ҳалокат мерасонанд. “Гӯшу бинӣ ва олоти мардиашро бурида, чашмонашро кофтаанд. Қутбиддин, писари Сайриддин ном сокини деҳаи Зери Ҳисор буд. Ӯ ҳамагӣ 30 сол дошта, оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд. Писари ягона дар оила буд. Дар яке аз корхонаҳои шаҳри Қазон кор мекард”-гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори “Оила» як нафар муҳоҷири тоҷик бидуни ифшои ном, ки якҷо бо онҳо зиндагӣ мекардааст.

Пайвайвандони Фирдавс мегӯянд, ки ӯ аз шаҳри Конибодом оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанд мебошад. Баъди рух додани ин ҳодиса ҳамсар ва фарзандонаш ба зодгоҳаш баргаштаанд.

Мақомоти милитсияи Қазон бошанд, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз намуда, тафтишотро идома дода истодаанд. Мақомоти дахлдор сабабҳои кушторро муайян намуда, парда аз рӯи ҳақиқат хоҳанд кушод.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД