Оилаву оиладорӣ аз муқаддастарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбад. Шоирону мутафаккирони бузурги миллати мо ҳамеша аз покиву устуворӣ, муҳимияту аҳамият ва муқаддасу азиз будани оила сухан гуфта, онро пояи асосии зиндагии инсон арзёбӣ намудаанд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём оиларо муқаддас дониста, онро сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбия ва камолоти маънавии инсон мешуморанд.
Бо ташаббуси бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Истаравшан дар толори ақди никоҳи Маркази адлияи шаҳр маҳфил таҳти унвони «Оила - меҳвари зиндагӣ» баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати оиладории оилаҳои ҷавон, таҳкими арзишҳои муқаддаси оилавӣ ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон арзёбӣ гардид.
Дар маҳфил намояндагони Раёсати адлияи вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони соҳаи илму адаб, собиқадорони рӯзгор ва инчунин оилаҳои навбунёд иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки оила ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа нақши калидӣ дар рушди давлату миллат дорад ва саодати ҳар як ҷомеа аз устувории оилаҳо сарчашма мегирад. Тарбияи дурусти фарзандон метавонад ояндаи дурахшони миллатро таъмин намояд. Дар ин раванд масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, тарбияи насли худшиносу ватандӯст яке аз вазифаҳои асосии ҳар як оила маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, дар маҳфил масъалаҳои марбут ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ дар оила, баланд бардоштани фарҳанги муошират ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки танҳо тавассути тарбияи дуруст ва риояи анъанаҳои миллӣ метавон ҷомеаи солим ва устуворро бунёд кард.
Бахши дигари ҷолиби чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷикӣ буд. Дар баробари ин, дар доираи маҳфил намоиши китоб ташкил карда шуда буд, ки дар он асарҳои Пешвои миллат ва дигар китобҳои таърихиву фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо дар шароити имрӯза, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ таъсири гуногун мерасонанд, аҳамияти хоса дорад. Тавассути чунин маҳфилҳо метавон дар зеҳни ҷавонон эҳтиром ба оила, масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллиро тақвият бахшид.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба паст кардани сатҳи мушкилоти оилавӣ, аз қабили ҷудошавии оилаҳо мусоидат мекунад. Зеро муҳити муколама ва мубодилаи таҷриба байни наслҳо имкон медиҳад, ки ҷавонон аз таҷрибаи рӯзгордидагон баҳра гирифта, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.
Дар маҳфил ҳамзамон ҳунармандони маъруфи шаҳр Каримҷон Ғафуров ва Саодат Шарифова бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ баромад намуда, фазои маҳфилро рангин ва хотирмон гардониданд.
Дар маҷмуъ, маҳфили «Оила - меҳвари зиндагӣ», ки дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ҳамчун як иқдоми муҳим дар самти таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли солим арзёбӣ мешавад. Идомаи чунин ташаббусҳо метавонад дар оянда ба рушди устувори ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ватандӯсту худшинос заминаи мусоид фароҳам оварад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ