arzon replenishment
Оишаи 42 сола: Писарам маро “оқ” кард
10705

Ман модарам, модари 42- сола. Шавҳарам хеле барвақт аз олам гузашт. Ҷавон будам, талабгорони зиёде доштам,аммо ба отири он ки писари ягонаам пеш-пеши пойи паиндар хору зор нашавад, дигар шавҳар накардам.

Барои он ки фарзандам бепадариашро эҳсос накунад, бо тамоми қувватам кор карда, тамоми чизҳои дилхоҳашро хаида медодам, то аз ҷӯраҳояш кам набошад. Ба қавле гули чизро хӯронда гули чизро мепӯшондам, аммо намедонам аз сабаби серкорӣ ба тарбияи фарзандам чандон диққат дода натавонистам ё аз азал Худованд тақдирамро чунин талх офаридааст, ки писарам бо бачаҳои авбош ҷӯра шуда, оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Рӯзе набуд, ки муаллимон маро ба мактаб даъват карда, аз беадабиҳои писарам шикоят накунанд. Ӯро насиҳат карда пеши роҳашро гирифтан мехостам, вале ба гапам гӯш надода мегуфт, ки ман мисли дигарҳо ота ё ака надорам, ки пуштибонам шаванд, он авбошҳо дар ҳама ҷо аз пасам мехезанд ва маро аз бачаҳои муштзӯр ҳимоя мекунанд…
Рафтори фарзанди ягонаамро дида ҷигарам хун мешудам, шабҳоро бо гиря саҳар гиря карда, Худоро зорӣ менамудам, ки ба фарзанди ман инсоф диҳад, аммо ба ҷойи одам шудан писарам торафт харсифат мешуд. Дере нагузашта арӯсбозиро сар кард. Пулҳои бо хуни ҷигар кор кардаи маро гоҳ бо зӯрию гоҳ бо зорӣ кашида гирифта аз дар мебаромаду шабҳоро бо духтарҳои бероҳа дар дискотека саҳар карда, ҳамеша масту махмур ба хона меомад. Дидам, ки ба хубӣ одам намешавад, хостам ӯро бо роҳи дигар ҷазо диҳам. Бо ҳамин мақсад гуфтам, ки дигар ба умеди пули ман нашуда, роҳашро дар зиндагӣ ёбад, чунки ман пир шудаам ва дигар аз уҳдаи таъмин кардани зиндагӣ намебароям. Писарам чанд вақт азоби бепулӣ кашида, маҷбур шуд, ки дар як тарабхона ба сифати пешхизмат ба кор дарояд. Хурсанд шудам, ки ақлаш ба сараш задааст ва акнун аз паси зиндагӣ мешавад, аммо хаёлам хом баромад.
Бемор шуда, дигар ҳатто аз ҷоям хеста натавонистам. Аз писарам хоҳиш кардам, ки нон харида биёрад, чунки дигар мадори хамир кардану нон пухтан надорам. “Хез, маслуқатро ҷамъ карда ба кор баро ва худат нонатро ёфта хӯр. Ман пули бесоҳиб надорам, ки барои ту нону хӯрок биёрам” гӯён, писарам ба ҷигарам ханҷар зада, баромада рафт.

 


Тариқи телефон муддате бо Амина ном духтаре гап мезадем, вале байнамон ягон муносибати наздик набуд.

BzXq630Q3CtVQc9CO3lzaeBcw7aql8icW5OjQrac

 


Як ҳафтаи дароз мани бемор дар хонаи сард тани танҳо хобидам. Касе дарро ба рӯям кушода намепурсид, ки зиндаӣ ё мурда.
Пас аз як ҳафта ба қавле мурдаамро кашолакунон ба ҷойи кораш рафтам. Писарам аз китфам гирифта, маро аз дари тарабхона берун бароварду гуфт: “Оча, ту бо сару либоси чиркинат ба ҷои кори ман омадӣ?! Аз афти хунуки ту дар пеши ҳамкоронам шарм доштам. Тез аз ин ҷо рав, дигар афту башараи туро набинам!”
Гиря карда гуфтам, ки ман барои пул наомадаам, туро ёд кардам, вале писарам “ дигар бача дорам нагӯй, ман кайҳо туро оқ кардам оча” гӯён, рӯяшро гардонда рафт.
Як моҳ шуд, ки писарамро надидаам. Ҷойи хобаш тарабхона аст, пули ёфтаашро танҳо ба ҷӯрабозию арӯсҳои таннозаш сарф мекунад.
Илтимос, ба мани бачадори бе бача маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки писарам ба хона баргашта одам шавад?
Оиша, модари ҷигархун

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Рас 2019-10-01, 17:45
И таърих дуруг аст, ОИЛА хдша пиар кадестай.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Рас 2019-10-01, 17:45
И таърих дуруг аст, ОИЛА хдша пиар кадестай.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД