Arzon march 2024
Охирин парвози уқоб
484


Агар зиндагӣ амон медоду умр вафо мекард ва агар тири нохалафони ҳаромзоде синаи ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Кароматуллои Қурбонро намедарид, имсол ин ҳунарманди беназир 63-сола мешуд, вале сад афсӯс, ки як тӯда авбошони тирамағзу бехирад қалби ин ҳунарманди асилро мисли уқоб дар авҷи парвози эҷодӣ дарида, ҷавонмаргаш кард.

Ба поси хотираи неки ин эҷодкори асил мо қарор додем бори дигар китоби зиндагии Кароматуллои Қурбонро варақгардон кунем.

Писари милиса чӣ тавр овозхон шуд?
Кароматуллои Қурбон 29-ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст, вале дертар оилаи онҳо ба деҳаи Партизани Сурхи ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баста, айёми наврасию ҷавонии ин ҳунарманди нотарор дар ҳамин ҷо мегузарад. Падари Кароматулло-Аҷик Қурбонов аслан корманди мақомоти милитсия бошад ҳам, ба мусиқӣ дилбастагии зиёд дошт ва писаронаш-Маҳмадулло, Кароматулло ва Наврӯзро ҳамеша дар руҳияи меҳру муҳаббат ба шеъру суруд тарбия мекард. Фарзандони ин хонавода бо талқини падари санъатдӯсташон аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ дил баста, роҳи ҳунарро пеш гирифтанд.

“Суғдиён”-роҳ ба сӯйи шӯҳрат
Кароматуллои Қурбон пас аз хатми мактаби миёнаи №3-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шуд ва замони донишҷӯӣ бо ҳамроҳии дӯсти ҳунармандаш Исматулло Холов ансамбли эстрадии “Суғдиён”-ро ташкил кард. Худованд ба ин ду ҷавони хуштолеъ овози ширадору гӯшнавоз, истеъдоди баланди сарояндагӣ, қаду қомати дилкаш ва маҳорати волои саҳнаороӣ ато намуда буд.

Ҳамин буд, ки сурудҳои рӯҳнавоз ва дилошӯбашон ба зудӣ вирди забони хурду калон гашта, дар муддати кӯтоҳ ном бароварданд ва ансамбли “Суғдиён” хеле машҳур гашт, аммо...

Булбули “Гулшан”

Кароматуллои Қурбон пас аз хатми Донишкадаи санъат ба оркестри эстрадии “Гулшан” гузашт. Овозхони ҷавон фаъолияти ҳунарии худро дар ин оркестри номдор, ки замони Шӯравӣ ансамбли эстрадии “№1-и Тоҷикистон ба шумор мерафт, ба сифати сарояндаи оддӣ шурӯъ карда бошад ҳам, дар як муддати кӯтоҳ мавқеи хосе касб намуд. Ҳарчанд дар “Гулшан” беҳтарин сарояндагони эстрадаи тоҷик аз қабили Тоҷиддин Муҳиддинов, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоер, Махфират Ҳамроқулова ва дигарон ҷамъ омада бошанд ҳам, вале Кароматуллои Қурбон туфайли истеъдоди худододаш дар байни ин гурӯҳ чун ситораи пурҷило медурахшид ва ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳо буд. Ҳамин буд, ки қобилияти баланди эҷодӣ, серғайратӣ ва ҷӯяндагиашро ба назар гирифта, Кароматуллои Қурбонро роҳбари бедеии оркестри эстрадии “Гулшан” таъин намуданд, вале...

Охирин парвози уқоб

Соли 1992 ҷанги бераҳмонаи бародаркушӣ оғоз ёфт. Ҳамарӯза садҳо ҷавонони бегуноҳ ваҳшиёна кушта мешуданд ва нолаи ҷонсӯзи модарони фарзандгумкарда ба фалак мепечид. Фазои кишварро абри тираи ғам фаро гирифта, ба ҷойи об дар ҷӯйҳо гӯё ҷӯйи хун равон буд. Силоҳбадастони тирамағз бештар чеҳраҳои намоёни миллатро ҳадафи тир қарор медоданд, то фарҳангу илми тоҷикро ба нестӣ бурда, салтанат ронанд. Номи санъаткорони машҳур низ ба ҳамон “Рӯйхати сиёҳ”-и нерӯҳои оппозитсионӣ ворид гашта, ҳаёташон зери хатар қарор дошт.

Ҳамин тавр шоми 17-октябри соли 1992 ҳангоми бозгашт аз як тӯй авбошони силоҳбадаст Кароматуллои Қурбон ва аҳли гурӯҳашро сайди худ қарор дода, аввал худи Кароматуллою бародараш Наврӯзи 18-сола ва баъдан раққосаю навозандагонашро бераҳмона ба қатл расониданд. Он рӯзи шум барои аҳли ҳунар ва мухлисони сершумори ин сарояндаи беназир сиёҳтарин рӯзи зиндагӣ буд.

30 сол бе Кароматулло

Инак, аз марги фоҷиавии Кароматуллои Қурбон беш аз 30 сол гузаштааст, вале ёди неки ин марди асил ҳаргиз аз дили аҳли оила, зану фарзандон ва мухлисону ҳаводорони сершумораш намеравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД