Arzon march 2024
Ҷоми биринҷиро бо ғазали Ҳофиз ба Путин туҳфа карданд
04.12.2022
Mahina
818


Соли 2017 бостоншиносон аз шаҳри Москва, дар шафати Кремл ҷоми биринҷиеро бо навиштаи форсии тоҷикӣ пайдо карданд, ки ба асри XVI тааллуқ дорад.

Ховаршиносони рус пас аз ду моҳи талош навиштаи ҳакшудаи рӯйи ҷомро хонданд ва он ғазали ҷовидонаи Ҳофизи Шерозӣ будааст:
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо!

Ин соғари форсҳо бо гузашти панҷ аср пора шуда, вале 75 дарсади он ҳифз гардидааст. Дар баробари ҷом, табарзин, хӯд, пораҳои ҷавшан ва тангаҳои даврони Иван Грозний ва Василий Шуйский низ, ёфт шуданд.

Алексей Емелянов, муаррих, роҳбари департаменти мероси фарҳангии Москва, дар як вохӯрӣ ба Владимир Путин, ки ошиқи осори Хайёму Ҳофиз аст, аз дарёфти ҷом хабар дода, онро ба Роҳбари кишвар туҳфа кард. Тарҷумаи ғазал низ садо дод:
Виночерпий, сияньем вина озари мою чашу скорей,
Веселей, музыкант, ибо кончилось время скорбей!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД