goodwell
Омӯзгоре, ки кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбият мекард
17.08.2026
Оила
66

Омӯзгоре, ки кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи
худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбият мекард
Омӯзгори соҳибтаҷриба, тарбиятгари чандин насли хонандагон, Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали давлатии «Хизмати шоиста» Файзимо Алиева пас аз умре саршор аз хизмати содиқона ба халқу Ватан аз олам даргузашт.
Файзимо Алиева соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф бахшид. Ин зани меҳнатқарин соли 1984 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намуда, беш аз чаҳор даҳсола дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар анҷом дод.
Солҳои охир Файзимо Алиева дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Рӯдакӣ аз фанни таърих дарс мегуфт ва  садҳо нафар шогирдонро аз таъхири пурифтихори халқамон огоҳ намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардааст. Ӯ аз зумраи омӯзгороне буд, ки рисолати касбии худро танҳо бо омӯзонидани фан маҳдуд намедонист, балки дар баробари таълими фанни таърих ба тарбияи наврасон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ диққати махсус медод. Ин муаллимаи таҷрибадор бо ташкил кардани мулоқоту вохуриҳо бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аҳли адабу фарҳанг ва дигар чеҳраҳои  шинохта, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ дар қалби шогирдон ҳисси муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба гузаштаву имрӯзи фарҳанги миллиро парвариш менамуд.
Чорабиниҳои тарбиявие, ки бо ибтикори муаллима баргузор мегаштанд, борҳо тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ намоиш дода шуда, таҷрибаи омӯзгориаш намунаи ибрати дигар ҳампешагон буд.
Файзимо Алиева натанҳо омӯзгори варзида, балки қаламкаши хушзавқ буд ва дар матбуоти даврӣ зиёда аз 300 мақолаҳояш ба табъ расидаанд. Хонандагон ин бонуи эҷодкорро чун муаллифи китобҳои пурмазмуни «Файзи Истиқлол», «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат», «Армуғони Иҷлосия» ва «Модар – Фаришта» хуб мешиносанд. Чакидаҳои хомааш бештар ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, мақому рисолати омӯзгор ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол бахшида шудаанд.
Файзимо Алиева дар байни ҳамкорон бо хоксорӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва меҳрубонӣ эҳтироми хоса пайдо карда буд. Бо шарофати ҳамин хислатҳои некаш ин зани фариштахисол барои садҳо шогирдон омӯзгори дӯстдошта ва барои ҳамкорон ба як дӯсти хуб ва  маслиҳатгари оқил табдил ёфта буд.
 
Бо даргузашти Файзимо Алиева соҳаи маорифи кишвар боз як омӯзгори соҳибтаҷриба ва фидоиро аз даст дод. Аммо номи неки муаллима дар  дили шогирдон ва ҳамкоронаш ҳамчун намунаи олии садоқат ба касби омӯзгорӣ ва хизмати поквиҷдонона ба Ватан боқӣ хоҳад монд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД