Sebiston new 2024 october
Омӯзгорону хонандагони фаъол соҳиби мукофотпулӣ шуданд
360

Беш аз 100 нафар омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон зимни баргузории машварати августии омӯзгорон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ ”Ховар” дар такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маҳз омӯзгорони пешсаф ва хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, мавриди ҳавасмандӣ қарор гирифтанд. Инчунин ба хатмкунандагони аттестати аъло ва волидону омӯзгорони онҳо низ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Дар машварати августии омӯзгорон намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ иштирок карда, “Ифтихорнома”-и сардори Раёсати маорифро ба омӯзгорони намунавӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд, ки яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан мебошад.

Инчунин, омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд.

Ҳамзамон, барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар мешаванд.
Имтиёзи дигар барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ин аст, ки барои 3 сол ба маошашон иловапулӣ муқаррар  шудааст. Андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД