Commerc banl
Омӯзиши маҷозӣ байни кормандони ҳифзи иҷтимоӣ
12.03.2026
Oila.tj
66

11-уми марти соли равон барои кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ (ХДТТИ) омӯзиши маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, омӯзиш дар доираи созишнома бо ширкати таҳиягари барномаҳои Intersoft, ки дар самти навсозии системаҳои иттилоотии мавҷудаи АСИСТ (КУИ) ва МСЭ (ХДТТИ) фаъолият мекунад, ташкил карда шудааст.

Дар ҷараёни омӯзиш кормандони Муассисаи давлатии «Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тариқи онлайн иштирок намудаанд.

Зимни омӯзиш мавзуҳои калидии марбут ба рушди системаҳои иттилоотӣ баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба ядро ва инфрасохтори АСИСТ ва СОД, системаҳои ҳисоботдиҳӣ (АСИСТ ва МСЭ), фаъолияти системаи иттилоотии МСЭ (ХДТТИ), инчунин имкониятҳои модулҳои нав, аз қабили ASIST-МОБИ, истифодаи QR-код ва генератори ҳисоботҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД