goodwell
Ҷон дар кафи даст ба ҳифзи Ватан рафтанду...
09.05.2026
Oila.tj
30

Сомонаи Oila.tj кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо яке аз бузургтарин ва арзишмандтарин идҳо дар таърихи тамоми башарият - Рӯзи Ғалаба сидқан муборакбод мегӯяд!

Ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки имрӯз мову шумо 81-умин солгарди онро ҷашн мегирем, ба осонӣ ба даст наомада, зиёда аз 50 миллион одамон дар сайёраи Замин барои расидан ба ин рӯз ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла аз собиқ давлати Шуравӣ, ки Тоҷикистон низ ҷузъе аз он буд, зиёда аз 25 миллион нафар дар роҳи расидан ба озодӣ шаҳид гаштанд. Ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим – 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба нишони арҷгузорӣ ба ҷонбозию ҷонфидоӣ ва қаҳрамониҳои бобоёни шуҳратмандамон аст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 ҷумҳурии собиқ Иттифоқии Советӣ аз Тоҷикистон низ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин шумора 100 ҳазор нафарашон аз майдони ҷанг барнагаштанд. Барои корнамоиҳои беназир дар мубориза бар зидди фашистон 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг ба ҳисоб меравад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони зиёда аз 50 миллион одамонро дар саросари ҷаҳон рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шуравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон шуданд. Мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштаанд. Дар он солҳои хеле душвор тамоми корхонаҳои саноатӣ аз рӯи як шиор «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мекарданд. Ҷанги хонумонсӯз қаҳтию гуруснагии сахтиро ба вуҷуд оварда бошад ҳам, одамон охирин бурдаи нонашонро барои аскарону афсарон ба фронт мефиристоданд, то ғуломи фашистони истилогар нагарданд ва озодии худу озодии Ватанро ҳифз намоянд. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонанд.

Пас биёед назди рӯҳи поки шаҳидони роҳи озодӣ сари таъзим фуруд оварда, эҳтироми собиқадорони ҷангро пос дорем.

Иди ғалаба муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД