Formula novemver 2024
Оғози семинар оид ба устувории сармоягузории лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ
29.10.2024
ОИЛА.ТҶ
902

Имрӯз, 29-уми октябр дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” семинари минтақавӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани устуворӣ ва ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бо истифода аз Стандарти устувории гидроэнергетикӣ” шуруъ гардид.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Наим Раҳимзода, сардори раёсати сармоягузории вазорат баромад намуда, чунин иброз доштааст: “Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳар як кишвар стратегияҳоеро қабул кардаанд, ки тибқи он давлатҳо тадриҷан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузаранд ё ҳадди ақал саҳми манобеи барқароршавандаи энергияро дар тавозуни умумии энергетикӣ афзоиш диҳанд”.

- Дар Тоҷикистон вазъият дигар аст. Зиёда аз 95 фоизи неруи барқ дар ҷумҳурии мо дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, иқтидори солонаи он 527 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад, ки аз иқтидори гидроэнергетикии минтақа (400 млрд кВт/соат) зиёдтар буда, то имрӯз аз ин ҳаҷм танҳо тақрибан 5 фоиз азхуд карда шудааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон фаъолона тавсеаи минбаъдаи истифодаи энергияи барқароршавандаро аз ҷумла аз ҳисоби дигар манбаъҳои энергия пеш мебарад,- гуфтааст Наим Раҳимзода.

Дар идома намояндагони ҶСК “ТАУЗ Гидро”, ҶСК “Помир Энерҷӣ”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон ва Иттифоқи гидроэнергетикаи устувор (HAS) суханронӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, ки семинари мазкур аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи гидроэнергетикаи устувор, ҶСК “ТАУЗ Гидро”, ҶСК “Помир Энерҷӣ”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва бо дастгирии котиботи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) ташкил карда шуда, давоми ду рӯз - 29-30-юми октябр идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД