Соли нави 2026 соли Аспи Сурх ва Оташин аст. Ин ҳайвон рамзи асолат, озодӣ ва зебоӣ мебошад. Барои писанд омадан ба соҳиби саркаши сол, лозим аст дар ҳама чиз, аз либос то ороиши мӯй завқи баланд ва хаёлоти бой нишон дода шавад. Дар бораи он ки чӣ гуна бо ёрии ороиши мӯй дар симои идона аксентҳои дуруст гузоштан мумкин аст, ба тавсияҳои стилист-сартарош ва дизайнер аз Красноярск Ирина Юлгилдина рӯ меорем.
Мӯйи баста - ороиши асосӣ
Албатта, хитти асосии Соли нави 2026 думчаи аспӣ (конский хвост) хоҳад буд. Ин як варианти нозук аст, ки содда менамояд, аммо имкониятҳои зиёди тағйир дорад.
«Барои писанд омадан ба Аспи Сурхи Оташин, дум бояд ҳатман ҳамвору абрешимин бошад. Барои ба даст овардани ҳамвории комил, истифодаи воситаҳои махсуси мумина барои ороиши мӯйро тавсия медиҳам», - мегӯяд стилист.
Бофтан — рамзи эҷодкорӣ
Агар дум классика бошад, пас бофтан роҳи нишон додани табиати эҷодии шумост. Рамзи сол ҳатман кокули бофтаро қадр мекунад, зеро ёли аспҳоро аксар вақт маҳз бофта мекунанд.
Барои мӯйҳои дароз варианти «ёли бофташуда» хеле мувофиқ аст. Метавон косаро гирди сар печонда, чанд тори мӯйро озод гузошт ва боқимондаро ба тугма (пучок) ҷамъ кард. Барои ҷолибтар шудани ороиш, лентаҳои ранга илова кунед, ин симоро идона мегардонад.
Мавҷҳо ва бантикҳо
Барои онҳое, ки мӯйи кушодаро дӯст медоранд, низ хабари хуш ҳаст. Ба Аспи Оташин мавҷҳои классикӣ писанд меоянд.
Инчунин варианти «каскад» мувофиқ аст: мӯй ба шакли тугма ҷамъ мешавад, аммо торҳое, ки чеҳраро иҳота мекунанд, озод мемонанд. Ин нозукӣ ва романтикаро зиёд мекунад.
Тило, мис ва шуъла
Барои розӣ гардондани соҳиби сол, ба ранги мӯй диққати махсус диҳед. Аспи Оташин ба рангҳои табиӣ, вале бо «шарораи оташ» майл дорад.
«Пеш аз ҳама, дар бораи ранги мӯйи худ фикр кунед: беҳтарин интихоб -тобишҳои табиӣ, мисли сурхтоб, мисӣ, тиллоӣ. Ба рангҳои оташин Аспи шарқии имсола муносибати мусбат дорад»,- мегӯяд Ирина.
Агар хоҳед ранги мӯйро куллан иваз кунед, стилист маслиҳат медиҳад, ки аз рангҳои сунъии “кимиёвӣ”, мисли неон, худдорӣ намоед. Аммо шахсиятҳои ҷасур метавонанд чанд тори рангоранг илова кунанд. Ҳатто метавонед баъзе торҳои мӯйро бо туши махсуси мӯй ранг кунед.
«Рангҳои соли 2026- сурх, мисӣ, бургундӣ ва тиллоӣ мебошанд. Онҳо ҳатман ба шумо бахт меоранд»,- мутмаин аст Юлгилдина.
Ба сифати ороишот мӯйқапакҳо, сангҳо ё резинчаҳое мувофиқанд, ки ба шуълаи оташ ё гирдоб монанд бошанд. Оҳанрабо (янтар) ва анор ҳамчун ороиш симоро комил мегардонанд. Ҳатто як лента ё “ободок”-и сурх, тилоӣ ё норанҷӣ дар мӯй нишони эҳтиром ба рамзи сол хоҳад буд.