Қотили паси панҷара (ҚИСМИ 2)
997

Нишондоди ҷабрдидаи аз ҳама хурдсол Гулзира Қудратро тамоман ба ҳайрат овард ва гумон кард, ки аз ақл бегона шудааст. «Охир, ӯро ҳам ба об партофта будам-ку»…

Қудрат ва зану фарзандонаш (ду писару як духтар) бо падару модарандар ва бародарону хоҳаронаш дар ҳавлии падар зиндагӣ мекарданд. Зиндагии ноосуда доштанд. Махсусан худи Қудрат ҳамеша бо аҳли хонадон носоз буд, тез-тез байни ӯ ва бародараш Сулаймону ҳамсари ӯ Гулноз ҷангу ҷанҷол сар мезад. Рафтори Қудрат аҳли хонаро ба ташвиш оварда буд. Ҳар гоҳе ки падари мӯйсафедаш сухан

оғоз намуда, насиҳате карданӣ шавад, ӯ гӯш намекард, даст афшонда, аз назди падар дур мешуд. Се кӯдак дӯстдори бобову бибӣ бошанд ҳам, Қудрат чизеро баҳона карда, дар хона дилсиёҳӣ меандохт.

Сабаби асосии ҷангу ҷанҷоли онҳо ҳавлии падар буд.

Қудрат мехост соҳиби ҳавлӣ бошад ва танҳо ӯ дар он ҳавлӣ хӯҷаинӣ кунад.

Қудрат нақшаи чӣ тавр нобуд сохтани аҳли хонадонро барвақт дар дил кашида буд. Аммо мавриди мувофиқ намеёфт, пайт меҷуст ва ниҳоят чунин лаҳза фаро расид.

Дар хонаи амаки Қудрат, ки дар деҳаи Баҳор зиндагӣ мекард, маъракае ороста буданд ва ҳамаи хешу таборро ба он даъват карданд.

Қудрат аз шунидани ин хабар шод гашта, назди падар омад:

- Тайёр шавед, ман худам шуморо бегоҳӣ ба хонаи амакам мебарам. Ба янгаам Гулноз низ гӯед, ки тайёр шавад.

Падар аз меҳрубонии фарзанд хурсанд шуда, шукр кард, ки Қудрат тағйир ёфтааст. Мӯйсафед ба хонаи писараш Сулаймон рафт.

- Гулноз, духтарам, тайёр шав, бегоҳӣ ба хонаи бародарам деҳаи Баҳор меравем. Қудрат ваъда кард, ки бо мошини худаш моро мебарад, - гуфта, мӯйсафед кӯдак барин шодӣ кард.

- Қудрат маро чашми дидан надорад-ку? Чӣ хел розӣ шудааст, ки моро дар мошинаш савор кунаду ба маърака барад? - гуфта Гулноз ҳайрон ба хусураш нигарист.

- Духтарам, ман худам ҳам ҳайрон шудам, моҳҳо бо ман ногап буд, аммо худаш омада таклиф кард. Худо дар дилаш андохтааст. Илоҳо чашм нарасад ва муносибатамон ҳамин хел давом кардан гирад, - шукргузорӣ кард мӯйсафед ва такроран ба келинаш таъкид кард, ки тайёр шавад.

Дар хонаи амаки Салим, ба хотири сиҳату саломат аз Русия баргаштани писараш, тавре ки дар урфият мегӯянд, оши худоӣ буд. Ҳама хешовандону пайвандон ва ҳаққу ҳамсояҳои гирду атроф ҷамъ омада, то як поси шаб суҳбат карда нишастанд. Тахминан соатҳои ёздаҳи шаб ҳама хона ба хона рафтанд. Қудрат низ бо аҳли оила ба роҳ баромад.

Дар курсии пеши мошин падараш-бобои Абдулло, дар курсии қафо модарандараш бо ду духтарча ва келинашон бо як духтарчааш ҷо гирифта буданд. Онҳо баъди маърака аз ину он сӯҳбаткунон пеш мерафтанд, хурсанду болидарӯҳ буданд. Бобои Абдулло худ ба худ шукр мегуфт, ки боз аҳли оила чун пешин сарҷамъ шудааст. Ӯ шод буд. «Илоҳо, чашм нарасад» - аз дил мегузаронд мӯйсафед.

Қудрат низ дар фикр ғӯттавар буд. Ҳамаи шахсони зиддиятдошта дар дохили мошинанд. Шаб торик, ҷои хилват, аз деҳа дур…

(Давом дорад)

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД