Ӯ мехост қасди худро иҷро кунад. Бо баҳонае, ки гӯё мошин ба як тараф мекашида бошад, онро дар канори роҳ боздошту берун гашт.
Аз бағочи мошин зарфи пластмасии ғунчоишаш 1,5-литраи бензинро гирифта кушоду гузашта ба ҷояш нишаст.
Баъди ҳаракат кардан ба муроҷиати шахсони даруни мошин, ки бӯи бензин аст, аҳимият надода, мошинро пеш ронд. Вақте ки ба канали обгузари назди деҳаи Қӯшбулоқ расиданд, оташзанакеро, ки махсус барои хамин кор гирифта буд, фурӯзон карда, ба дохили мошин партофт ва худро аз дохили он ба берун ҳаво дод.
Ин холатро дида, янгааш Гулноз ҳам духтарчааш Гулзираро ба оғӯш гирифта, худро аз дохили мошин ба берун ҳаво медиҳад.
Автомашина ба лаби канали номбурда расида, ба санги калоне бархӯрда, дар ҷояш меистад. Бобои Абдулло ва ҳамсараш аз мошини сӯхтаистода базӯр берун мешаванд.
Фарзандони хурдсоли онҳо Маърифат ва Азиза аз таъсири ҳарорати баланди оташ 98 фоизи баданашон сӯхта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Қудрат аз баландии теппа ба ин манзара нигариста, дар равшании оташ мебинад, ки на ҳама дохили мошин будагиҳо сӯхтанд. Бинобар ҳамин аз ҷо бархоста роҳ сӯи мошин мегирад. Ӯ ба ҷои ҳодиса наздик шуда аввалан падарашро мебинад. Бо мақсади ба ҳалокат расондани ӯ бо калиди чархкаш ба сари падар як зарбаи сахт зада, ҷисми нимҷони ӯро ба даруни канали об тела медиҳад.
Афсӯс, ки дар торикии шаб нигоҳи имдодталабонаи падарро надид. Аслан ӯ дида ҳам наметавонист, чунки чашмонашро хун гирифта буд, разолат чашмони ӯро кӯр карда буд.
Вақте ки Қудрат ҷисми падарро дар канали об дид, бовар ҳосил кард, ки ӯ мурдааст ва назди модарандараш омад.
Улҷони нимсӯхта нолиш мекард, касеро ба ёрӣ ҷеғ мезад. Қудрат мисли деве ба болои сари ӯ ҳозир шуд ва аз замин санги калонеро бардошта, ба сару рӯй ва пеши бари зан якчанд мартаба зад. Модар чун мурғаке, ки ба дасти каргас афтодааст, якчанд бор дасту по зада, оқибат аз болу пар задан бозмонд…
Қудрати ташнаи хун аз ҳамаи ин ваҳшоният сер нашуда, ба гирду атроф нигарист. Ӯ келинашон, ҳамсари бародараш Гулнозро мекофт. Шӯълаи баланди оташи мошини сӯхтаистода ба ӯ ёрӣ расонду Гулнозро дид. Ӯ зинда буд. Чун дарранда ба ӯ дарафтод. Бо санги калон ба сару рӯи Гулноз чанд зарба зада буд, ки ӯ аз ҳуш рафт ва Қудрат ӯро мурда пиндошт. Акнун духтари бародарашро мекофт.
Нолиши кӯдаконаи Гулзира Қудрати даррандаро назди ӯ овард.
Қудрат Гулзираро бо як даст баланд бардошта, ба канал ҳаво дод.
Баъди ҳамаи ин ваҳшоният аз ҷои ҳодиса гурехт.
Сокини деҳаи Қӯшбулоқ Шариф шабона ба ҳавлӣ баромада, овози гиря ва доду фиғонро шунида, ҳамсояаш Мирзоро аз хоб бедор карда, ба ҷои ҳодиса ҳозир ва сабаби зинда мондани маҷрӯҳон гаштанд…
Падари бадбахт ба писари дар паси панҷараи оҳанин нишастааш нигариста, ба фикр фурӯ рафт «Худоё дар тарбияи фарзанд чӣ хатое кардам, ки оқибат қотилам гашт?
Суд ба Қудрат ҷазои умрбод аз озодӣ маҳрум карданро лоиқ донист.
Муйсафед ба саволҳои зиёди дар дилаш пайдошуда ҷавоб наёфта, бо дастонаш сарашро дошт:
- Кош, Худованд ҷонамро мегирифту сӯиқасди фарзандро намедидам. Охир, наход фарзанд қотили падар ва аҳли оила гардад? - гуфту дар толори суд аз ҳуш рафт.
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА