Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни зану шавҳар, тарбияи насли солиму ояндасози миллат ва нигоҳдории анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ мебошад.
Тавре ки сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, озмун дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» баргузор гашта, даври аввали он дар сатҳи ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо аллакай оғоз ёфтааст ва то 10 октябр идома хоҳад кард. Даври дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то 17 октябр гузаронида мешавад. Баргузории даври вилоятии озмун то 21 октябр ба нақша гирифта шуда, даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” охири моҳи октябр баргузор мешавад.
Озмун ғолибон аз рӯйи меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:
–нақши ҳамсар дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва нигоҳдории муҳити солими оила;
– муносибати самимӣ, эҳтиромона ва масъулиятноки ҳамсар бо дигар аъзои оила;
– саҳми ҳамсар дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ташаккули шахсияти онҳо;
– иштироки фаъолонаи ҳамсар дар пешгирии низоъҳои оилавӣ ва ҳалли масъалаҳои оилавӣ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва маслиҳат;
– касбу ҳунаромӯзӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун омили таҳкими иқтисодӣ ва пойдории оила;
– саҳми ҳамсар дар сарфаю сариштакорӣ, рӯзгордорӣ ва идоракунии дурусти буҷети оила;
– саҳми ҳамсар дар ободонӣ ва беҳдошти хона, кӯча, маҳалла ва муҳити зист;
– иштироки ҳамсар дар ҳифз ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, анъана ва расму оинҳои неки миллӣ;
– мусоидат ба илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва рушди қобилияти фарзандон;
– тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, эҳтироми қонун ва арзишҳои миллӣ;
– сафарбар намудани фарзандон ба хизмати Модар–Ватан ва дастгирии онҳо дар иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ;
– иштироки фаъолонаи фарзандон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;
– нигоҳубин ва эҳтироми падару модар ва дигар аъзои калонсоли оила;
– саҳми ҳамсар дар пешгирии таъсири омилҳои номатлуб ба муносибатҳои оилавӣ.