toyota motors
Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» оғоз ёфт
38

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026»-ро эълон кардааст. Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи касбияти табибон, ҳавасмандгардонию қадрдонии онҳо ва рушди соҳаи тандурустии кишвар мебошад.

Номзадҳо барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол - 2026” то 30-юми июн номнавис карда мешаванд. Бақайдгирии табибоне, ки мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд, дар сомонаи Озмун (самт.тҷ) сурат гирифта, дар ин давра пешниҳоди мақолаҳои тиббии илмӣ-омавии табибон аз рӯи ихтисоси худ ва пешниҳоди маълумот оид ба дастовардҳо ва навовариҳои касбии табибон тариқи почтаи электронии озмун, ҳамчунин пешниҳоди варақаи касбӣ бо дастовардхои эпидемиологҳо, фарматсевтон, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тариқи почтаи электронии озмун сурат мегирад.

Ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои зерин муайян карда мешаванд:

- «Табиби сол - 2026». Ин номинатсия барои ихтисосҳои асосии терапевтӣ, клиникӣ ва ҷарроҳӣ пешбинӣ шуда, дар он ҳамчунин табибони озмоишгоҳӣ, мутахассисони соҳаи тадқиқотҳои инструменталӣ ширкат карда метавонанд.

- «Эпидемиологи сол - 2026». Ин номинатсия барои эпидемиологони маҳаллӣ ҷиҳати баҳодиҳии дастовардҳои фаъолияти мутахассисони соҳавӣ пешбинӣ гардидааст.

- «Фарматсевти сол - 2026». Номинатсияи мазкур барои фармасевтони маҳаллӣ ҷиҳати баҳодиҳии дастовардҳои мутахассисони соҳаи мазкур аст.

- «Корманди иҷтимоии сол - 2026». Ин номинатсия барои кормандони бахшҳои маҳаллӣ ҷиҳати баҳодиҳии дастовардҳои фаъолияти мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

- «Корманди солимии ҷамъиятии сол - 2026». Номинатсияи мазкур қадрдонии дастовардҳои кормандони саҳроии ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият мекунанд, дар назар дорад.

Яке аз хусусияти хоси озмуни «Табиби сол - 2026» иштироки фаъоли аҳолӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд метавонад табибон-иштирокчиёни озмунро бо гузоштани фикру мулоҳизаи худ дар сомонаи Озмун дастгирӣ намояд ва сипос гузорад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол - 2026” моҳи сентябри соли равон ҷамъбаст карда шуда, ғолибон аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти ҳамаи холҳо дар тамоми марҳилаҳои озмун муайян карда мешаванд.

Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД