Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон падаре духтари ҳамагӣ шашсолаашро бар ивази 200 ҳазор рупияи покистонӣ, муодили тақрибан 720 доллари ИМА, ба никоҳи марди 60-сола даровардааст. Мақомоти Толибон мегӯянд, ин издивоҷ бо ризоияти падари кӯдак сурат гирифта, сабаби он мушкилоти шадиди иқтисодии хонавода будааст.
Дафтари матбуотии Толибон дар вилояти Ҳилманд рӯзи 30-юми август дар хабарномае аз ин қазия иттилоъ додааст. Ҳодиса дар ноҳияи Гармсери ин вилоят рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, падари духтар ба маводи мухаддир вобастагӣ дошта, бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ будааст. Ӯ дар чунин шароит тасмим гирифтааст, ки духтари шашсолаашро бар ивази 200 ҳазор рупияи покистонӣ ба никоҳи марди солхӯрда дарорад.
Ин нахустин мавриди издивоҷи духтарони хурдсол дар вилояти Ҳилманд нест. Расонаҳои Афғонистон қаблан низ аз ҳодисаи шабеҳ дар ноҳияи Нодалӣ хабар дода буданд. Дар он маврид марди 80-сола бо духтари ҳамагӣ ҳаштсола никоҳ кардааст.
Хабарҳо дар бораи чунин издивоҷҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки нигарониҳо аз афзоиши издивоҷи ноболиғон ва маҷбурӣ, бахусус дар миёни духтарон, бештар мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо кӯдакон на бо хоҳиши худ, балки бо тасмими волидон ё наздиконашон ба шавҳар дода мешаванд.
Яке аз сабабҳои асосии чунин падида фақри густурда ва вазъи душвори иқтисодии хонаводаҳо гуфта мешавад. Бекорӣ, камбуди даромад ва нотавонии оилаҳо дар таъмини ниёзҳои аввалия боис шудааст, ки дар баъзе минтақаҳо издивоҷи духтарони ноболиғ ҳамчун роҳи ба даст овардани маблағ ё кам кардани хароҷоти хонавода истифода шавад.
Аммо чунин тасмимҳо пеш аз ҳама сарнавишти кӯдаконро зери хатар мегузоранд. Духтари шашсола ҳанӯз дар синни таҳсил, тарбия ва ташаккули ҷисмониву равонӣ қарор дорад ва наметавонад моҳият ва паёмадҳои зиндагии оилавиро дарк кунад. Издивоҷи бармаҳал метавонад ӯро аз таҳсил дур карда, ба саломатӣ ва рушди равонии ӯ таъсири ҷиддӣ расонад.
Ҳодисаи Ҳилманд бори дигар нишон медиҳад, ки кӯдакони афғон, махсусан духтарон дар шароити фақр ва буҳрони иҷтимоӣ аз осебпазиртарин қишрҳои ҷомеа боқӣ мемонанд.