Commerce bank may-june 2026
Падар писарашро барои шароб нӯшидан бо бел зада куштааст
24.07.2026
Оила
87

 

Кормандони милитсия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон як марди 68 соларо бо гумони одамкушӣ боздошт намудаанд. Ин марди солманд дар қатли фарзандаш муттаҳам дониста шудааст.

Ин ҳодисаи нохуш дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сар зада, падари 68 сола бо сабаби ба хона маст баргаштан писарашро ҷазо доданӣ шуда, бо бел ва таёқ латукӯб намудааст.

Гуфта мешавад, ки падар дар сари қаҳру ғазаб бо бел ва чӯб ба сар, қафаси сина ва дигар узвҳои бадани писараш зарбаҳои бешумор зада, ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Экспертизаи тиббии судӣ дар бадани марҳум зиёда аз 45 захм, аз ҷумла шикастагиҳоро ошкор кардааст.

Алайҳи ин марди 68 сола бар асоси банди "д", қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД