sebiston july new
ПАДАРАМ ПАДАРИ ПИСАРАМ ШУД (қисми 2)
6960

(Идомааш)

Бибиям бо “Во балам”-гӯӣ модарамро пешвоз гирифт. Модари бечораам фикр кард, ки хушдоманаш аз барои бибиам фиғон дорад, аммо воқеа ранги дигар гирифт.

Бибиам ҳамаи ҳодисаи шударо ба модарам нақл кард. Модари бечораам бо шунидани ин ҳодиса “Воҳ дилам” гуфту ба замин афтид. Ман дарҳол дарк кардам, ки бо ӯ чизе шудааст. Модарамро ба оғӯшам гирифта, “Очаҷон, очаҷон! Ба ту чӣ шуд?” Ҷисми беҷони модарам мисли латтаи дар об таркарда бе ҳаракат буд. На ҳарф мегуфту на нафас мекашид. Магар аз ин рӯзи бадтару сиёҳтаре ҳаст? Бале, модарам баробари шунидани ин сухани гӯшношуниди бо ҳамин алам аз олам даргузашт.

Дигар гӯшҳои ман ҳеҷ як ҳарфи дигарро намешуниду пойҳоям роҳ рафта наметавонист. Зеро пуштибони меҳрубонам, модари ҷону ҷигарам маро танҳо гузошту ба дунёи абадият сафар кард. Ҳатто, замони ба хок супоридани модарам борон чунон мерехт, ки ба фикрам осмон ба ҳоли сағираҳои пушти дар мондаи ӯ мегирист. 

Мардум ҳама ҷамъ омаданд то ӯр ба хок супоранд. Ин лаҳзаҳо дидори охирини модарам бо ману ду додараконам буд. Тобути очаҷонамро рӯӣ ҳавлиамон гузоштанду рӯяшро кушодандто бо хешовандону фарзандон ва хонаву дараш хайрухуш кунад. Замони бардоштани тобут худамро болои ҷасади очаҷонам партофтаму фиғон бардоштам: “Очаҷон, ҷон очаҷон! Маро ҳам ҳамроҳат бар. Кошки ба ҷои ту Худо ҷони маро мегирифт, очаҷон. Тобу тоқати сағера шудану сағерабониро надорам, очаҷон! Ман бе ту чӣ кор мекунам? Дар зери сояи кӣ паноҳ барам, очаҷон? Илтимос, маро ҳам бо худ бар, очаҷон!” Маро наздиконам аз рӯӣ модарам ба зӯрӣ бардоштанд. Бо ҳамин очаи ҷонам умрбод бо мо алвидоъ гуфт.

Мотам ҳам ба охир расид. Ҳама хона ба хона рафтанд. Дар як хонаи калон бе модару падар мондам бо ду додар. Акнун бародари калониам зуд – зуд аз ман суол мекард. “Апа, очаҷонам куҷо рафтанд? Очаам кай меоянд? Чаро он рӯз модар гуфта, гиря мекардед? Магар, модарам мурданд, ки намеоянд?” Дар ҷавоб намедонистам чӣ гуям. “Рустамҷон, додарҷон, модарам ба дуриҳои дур сафар кард, аниқтараш ба осмон. Ӯ дигар на бо мо, балки бо фариштаҳо зиндагӣ мекунад?” Аз пурсиши додараки калониам дилам реш - реш мешуд. Ҳарчанд ҷавоб додан намехостам, лекин маҷбур будам. Охир, ӯ бояд фаҳмад, ки дигар роҳи наҷот нест. Баъд аз вафоти модарам ҷойҳои гаштугузор, хандаву дустдориҳо ва таърифу тавсифҳои модарам пеши рӯям меомаданд. “Духтари оча. Хушруйи оча. Духтаракам калон шудааст. Аллакай барои шавҳар кардан тайёр шудааст. Худо хоҳад дар туйи духтаракам хуб рақс мекунад очаш”.

 

 Гӯё, ки зинда бошад. Ҳеҷ боварам намеояд, ки модарам вафот карда бошад. Ӯ бо ман муносибати хуб дошт, мисли дугонаам буд. Истода – истода хумораш маҷбурам мекард, ки ба ҳар кор даст занам, то хотираҳо азобам надиҳанд. Мехостам ҳарчи зудтар наздаш равам, то ӯро бубинам. Дигар бе модар ҳаёт барои ман маъно надошт. Касе гӯё ба ман мегуфт: “Ба оғилхона раву ресмонро гир ва худро ба дор овез. Бо ин роҳ аз ҳама таззодҳои зиндагӣ халос мешавӣ”.

Кам - кам ба ин гап боварӣ пайдо кардам. Пойҳоям низ оҳиста - оҳиста маро сӯи оғилхона мебурданд. Баъди фикррониҳои зиёд ба хулосае омадам, ки минбаъд дигар зиндагӣ накунам. Ба оғилхона рафта, ресмонро ҳалқа кардаму дарзаҳои алафро барои зери поям гузоштан оварда болои ҳам қатор чида мондам.

Ресмонро ба гарданам андохтам. Чашмонамро сахт пӯшида, хостам охирин лаҳзаҳоямро дар зиндагӣ эҳсос кунам. Дигар фикри додараконамро ҳам намекардам, зеро ҳеҷ умеди хушии зиндагиро намедидам. Ин лаҳза суханҳои додари хурдиам такрор ба такрор дар гӯшам садо медоданд: Модарам мурданд,ки намеоянд?

Тамом! Хайр дунё! Салом модар! Лаби доманамро сахт касе кашид. Аз тарс ресмонро дарав аз гулӯям баровардам. Додараки майдаам бо чашмони гиряолуд аз лаби домонам дошта “апаҷон, ман дар ҳама ҷо туро кофтам, аммо наёфтам. Илтимос, апаҷон, маро напарто! Куҷое, ки равӣ, маро бо худат бар! Апаҷон, илтимос ту ҳам фаришта нашав! Агар пеши модарам равӣ маро ҳам бар!”

Чашмони додарам пур аз об буданд. Ҳарчанд кӯдакона ҳарф мезад, вале хели самимӣ буд. Ин чашмакони зебо маро аз марг наҷот доданд. Акнун фаҳмидам, ки ман танҳо нестам. Сарпаноҳу пуштибони ду додари ятимшудаам дигар манам. Аз болои банди алафҳо фаромадаму додаракамро сахт оғӯш кардам. “Ман ҳеҷ гоҳ туро танҳо намегузорам”. Ин қавле буд, ки ман ҳамчун соҳиб ба онҳо додам.

Аз байн бист рӯз гузашт. Рӯз то рӯз саломатиам бад мешуд. Тамоми аъзои баданам дард мекарданд. Баъд аз ҳамон воқеа дигар намехостам ягон сирамро ба бибам бигӯуям. Зиёд қай мекардаму доимо дилам мешӯрид. Ин ҳолатамро дида, бибиам ба шубҳаафтод. Зуд - зуд “Ба ту чӣ шуд?” гуфта мепурсид.

Як рӯз бибиам маро ба беморхона назди кадом шиносаш бурд. Духтур баъд аз ташхис ба бибиам чизе гуфт, ки ӯ то хона “Воҳ рӯякам сиёҳ. Хонаам сӯхт” гуфту меомад. Ман фаҳмидам, ки ба як бемории сахте гирифтор шудаам. Вале ба бибиам чизе нагуфтаму ба хонаи дигар рафтам.

КОРОНАВИРУС: МАЪЛУМОТҲОИ ОХИР ДАР ҶАҲОН

 Рӯзи дигар ду марду як зан ба хонаамон омаданду чанд вақт ҳамроҳи бибиам суҳбат карда нишастанд. Баъд аз гусели меҳмонҳо бибиям вориди хона шуда, сухан оғоз кард: “Духтарҷон, марги падару модар амри тақдир аст. Ман мебинам, ки ту баъди ин қадар ғаму ғусса шикастарӯҳ чун гулаки пажмурда метобӣ. Вале зиндагӣ идома дорад. Ту ҳам кӯдак нестӣ ва бояд зиндагии мустақил дошта бошӣ”.

Ман аз ҷойи шиштаам парида хестаму илтиҷо кардам, ки “Не бибиҷон! Ҳаёти ман сӯхт ва дигар умри боқимондаамро ба додараконам мебахшам. Худатон медонед, ки рӯзам сиёҳ шуд. Оиладор шудан намехоҳам”. Вале бибиам “Ман ҳамаашро худам ҳал мекунам. Худам додараконатро бар ӯҳда мегирам. Ту фақат розӣ шав” гуфта, маро ба зиндагӣ дилгарм мекард.

Дигар ҳаёт барои ман маъно надошт. Зеро ҳаёти ман баъди модарам да дасти бибиам чун як бозича шуда буд. Розигиамро додам. Ҳатто барои ман аҷиб набуд, ки домод кӣ, аз куҷо буда, чӣ кор мекард. Танҳо ҳамин қадар фаҳмидам, ки шавҳаршавандаам дар яке аз деҳаҳои дурдаси шаҳри худамон зиндагӣ мекардааст. Аз сабабе ки мо азодор будем, тӯи ман ягон хел дабдаба гузашт. Домод ҳамроҳи наздиконаш ба хонаи мо омаданду маро бо ойни бобоӣ арӯс карда, ба хонаи худашон бурданд. Албатта, хонаи онҳо мисли мо боҳашаммат набуд, хели хоксорона. Вале барои ман ин ҳеҷ бадие надошт, зеро хурсанд будам, ки дар ин ҷойи дур дигар маро ҳеҷ кас намешиносаду аз сирри талхи рӯзгорам огоҳ намешавад.

Баъди хонадоршавӣ дигар ҳеҷ як хешу таборамон ба хабаргирии ман намеомад. Худи ман ҳам ба аёдати касе намерафтам. Рӯз то руз шикамам калон мешуд. Аниқ фаҳмидам, ки ҳомиладор шудаам. Шавҳарам мошини калони боркаш дошт ва ҳамеша аз тӯйшавӣ бо ман хурсанд буду эҳтиромам мекард. Баъди чанд рӯз фаҳмидам, ки ман барои ӯ бахти аввал нестам ва ҳамин тавр аз зиндагии мо чанд моҳ гузашт. Замони таввалуд карданам ҳам расид. Ман барои шавҳарам пписарча таввалуд кардам. Ӯ бошад “писарҷонам”,-гӯён ҳамеша кӯдакро дӯстдори мекард.

КӢ ЗЕБОСАНАМИ СОЛ ШУД?

Писарам ҳам ба воя расиду мактабхон шуд. Ӯ акнун марди хона буд. Ба ҳама корҳои ману падараш ёрӣ мерасонид. Як рӯз шавҳарам омаду гуфт, ки ман ба мағозаи падарат ба кор даромадам. Аниқтараш аз Душанбе ба шаҳри худамон барои мағозаатон бор меорам. Ҳар вақте калимаи “Падарат”-ро мешунавидам, баданамро ларза мегирифт. Зеро асло намехостам ин калимаи барои ман даҳшатнокро фаҳмам.

Дар аввал зиддият нишон додам, вале ӯ рӯирост гуфт, ки “Ҳамаи даромади зиндагии ман аз ҳисоби падари туст. Ин ҳама кару фар, хона, мошинҳои нав ба нави бо шарофати падаратанд. Агар муносибати ту бо падарат хуб набошад, айби ман нест” ва баромада рафт. Дигар чӣ ҳам мегуфтам охир.

Баъдан фаҳмидам, ки таги ин косса як нимкоса будааст. Падарам аз як руҳонӣ маслиҳат пурсидааст, ки баъди ин гуноҳ чӣ кор кунад? Зеро ин амалро бо хости худ накардааст. Бар асари мастиву мадҳушӣ ин корро анҷом додааст. Маро хаёли занаш карда, ҳамхоба шудааст. Ба гуфти худаш огоҳ набудааст, ки модарам ба ҷаноза рафтаву дар ҷойгаҳи ӯ ман хобам. Мулло дар ҷавоб гуфтааст, ки то марг дигар рӯи маро набинад ва барои ин маро ба ягон ҷойи дур ба шавҳар диҳад. Падарам ҳам дарав ин ҷавони камбағалро пайдо карда, барои шавҳари ман шудан розӣ мекунад ва тамоми харҷи зиндагиамонро ба зимма мегирад. Аниқтараш ӯ шавҳарамро бо пули калон мехарад. Худаш бошад ба ҷои модарам ба хона зани нав меорад. Аз ӯ соҳиби ду фарзанд мешавад. Бибиам, чуноне ки ваъда дода буд, бародаронамро то охир ба модари ӯгай надод. Зеро онҳо дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекарданд.Додараконам Рустаму Суҳроб ба воя расиданд. Баъди марги бибиам маҳз онҳо кампирро гӯру чуб карданд.

Баъди калоншавӣ додаронам дар паҳлӯи падар истода, ба тиҷорати калон машғул шуданд. Писарам ҳамроҳи шавҳарам зуд – зуд ба аёдати онҳо мерафту “бобо”,-гӯён таъриф мекард. Вале то маргаш дигар ман ба дидори падар нарасидам. Ҳатто рӯзи ҷаноза рӯи хунукашро надидам.
Баъди марги падар тез – тез меравам ба дидори додараконам мерафтагӣ шудам. Ҳар бори рафтан бо меҳр дар паҳлӯям нишаста мегӯянд: ”Апаҷон, ту бӯи модарам мекунӣ”. Ростӣ, маро як масъала сахт ташвиш медиҳад. То имрӯз метарсам ба онҳо гӯям, ки падарам падари писарам аст, на шавҳари ба зар харидаам, вале ... Аз кулли модарон хоҳиш дорам, ки хатои содиркардаи падари маро асло анҷом надиҳанд.
 

 

P. S: Қиссаи мазкур воқеӣ буда, соли 1970 дар яке аз шаҳрҳои водии Зарафшон рух додааст. Қаҳрамонони асосӣ айни ҳол, зиндаву саломат буда, дар яке аз деҳаҳои ин водӣ истиқомат мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД