sebiston july new
Падарам пулро диду одамгариро фаромӯш кард
2678

 

Модарам сахт бемор шуд. Ба падарам занг задем, то аз Русия ба мо пул фиристад. Хуб аҳволпурсӣ кард, вале баъди он ки хабари бемории модарамонро ба ӯ расонда пул пурсидем, телефонро хомӯш намуд.

Ҳамин тавр чанд рӯз паиҳам ба Русия телефон кардем, вале ҳар дафъа гӯшакро марди дигаре бардошта мегуфт: «Намозалӣ бо коре баромад, биёяд, ҳатман занг мезанад!»

Аҳволи модарам рӯз ба рӯз бадтар мешуд. Аз ҳамсояҳо пул қарз гирифта, модарамонро ба беморхона бурдем. Доруву дармон ба ӯ фоида намекард, аҳволаш торафт бад мешуду беҳ не. Маҷбур шуда боз ба падарам занг задем. Азбаски аз телефони каси дигар занг зада будем, рақамҳои ношиносро дида гӯшакро худаш бардошт. Садои падарамонро шунида гирён шудем. Боз қавл дод, ки пул мефиристад, вале аз ваъдааш як ҳафта гузашту пулҳояш нарасиданд.

Беҳуда «ёри танҳо худост» нагуфтаанд, бо инояти парвардигор бе пули падарам ҳам, модарам шифо ёфта, ба по хесту духтурон ӯро ба хона ҷавоб доданд. Ману апаам кор карда, қарзи ҳамсояҳоро баргардондем ва пеши худ аҳд намудем, ки дигар ба падарам занг намезанем.

Ҳамин тавр аз байн як сол гузашт. Дар ин муддат на падарамон ба мо ягон бор занг заду на мо ба ӯ, мо барои ҳамдигар мо гӯё кайҳо мурда будем.

 


 

Рӯзе набуд, ки ман аз моиндарам дашном нашунида бошам. Додарам Муборизро мезад. Бо тасма аъзои баданашро сиёҳу кабуд мекард. Мо аз тарс ба падарамон лаб намекушодем.


 

Меҳри фарзандӣ зӯрӣ карда рӯзе хоҳарам ба ӯ занг задааст. Падари сангдилам ба сараш дод зада гуфтааст: «Гадо барин пул пурсиданатон ба дилам зад, пул надорам, мефаҳмед ё не?!»

Хоҳарам телефонро хомӯш карда, зор-зор гирист, охир вай барои пул не, ба хотири садои падарашро шунидан занг зада буд ва ба ҷуз гапи хушу меҳрубонӣ дигар чизе намехост.

Ба падари зану фарзандбезорамон гуфтанием:

-Бе пули шумо ҳам модарамон шифо ёфт. Дигар ба падар эҳтиёҷ надорем. Моро фаромӯш кунед!

Судоба, Ансор ва Адиба.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД