Oila Navruz
Ганҷинаи бадбахт: Модарам ба рӯям туф карду падарам маро оқ намуд
15.01.2020
Р. Азимӣ
7271


Шерзод ном ҷавонеро девонавор дӯст медоштам. Вай бо ваъдаҳои осмонӣ маро ба домаш афтонда, дар ҳар як влохӯрӣ домонамро бо чормағзи пуч пур мекард, ки маро бо тӯйи дакаданг ба занӣ мегирад, аммо вақте ки мани гумроҳ ҳомиладор шудам, пӯстинашро чаппа пӯшида, девонавор ба сарам дод зад:

«Занҳои шавҳардор дар 5-6 сол таваллуд карда наметавонанду ту бошӣ дар як моҳ ҳомиладор шудӣ?!» Гиря карда гуфтам: «Бовар надошта бошӣ, биё ҳарду ба духтурхона рафта УЗИ мекунем.» Дамаш бо шунидани ин гап гашта,ваъда дод, ки ягон духтури шиносро ёфта маро ба наздаш мебарад ва исқоти ҳамл мекунад.


БО ТӮҲМАТИ КОРГАР РАИСРО ЗИНДОН КАРДАНД


Аз рӯйи гуфти Шерзод падару модараш бояд як моҳ пас ба хонаи мо хостгорӣ меомаданд ва бо тӯю тамошо маро арӯс карда мебурданд, вале аз байн ду моҳ гузашту аз хостгорон дарак нашуд. Ҳарчанд пурсуҷӯ намудам, Шерзодро аз ягон ҷо наёфтам ва маҷбур шуда ба хонаашон рафтам. Волидонаш гуфтанд, ки ба Русия рафтааст. Бо дили ғамбор ба хона баргаштам. Аламу тарси шармандагӣ маро аз зиндагӣ ба тамом дилсард гардонд. Дигар ҳатто ба дарс намерафтам. Модарам дамдузду одамгурез шудани маро дида кунҷкобӣ мекард, вале баҳона пеш меовардам, ки асабҳоям хароб шудаанд.
Хулоса, холамро танҳо худам медонистаму худо, на хӯрок мехӯрдам, на бо аҳли оила менишастам, корам шабу рӯз танҳо сарамро ба болин зер карда, Шерзодро дуоҳои бад карда, гиристан буд.


ИЛҲОМИ ПАДАРГУМКАРДА: АЗ ОХИРИН ЗАНГИ ПАДАРАМ 10 СОЛ ПУР МЕШАВАД.


Шикамам торафт калонтар мешуд ва ҳамраҳаш тарсу ҳароси ман низ меафзуд. Барои он ки пайвандонам ҳомиладориамро пай набаранд, шикамамро ҳамеша бо рӯймоли калон маҳкам баста мегаштам. Билохира, косаи сабрам лабрез шуд, қарор додам, ки худамро кушта аз ин дарду азоби алим халос мешавам. Ҳамин қадарашро ёд дорам, ки чӣ хел раги дастонамро бо лезва буридам, дигар чӣ шуд, намедонам. Як вақт чашмонамро кушода дар болои сарам одамони сафедпӯшро дидам. Гумон кардам, ки аллакай дар он дунё ҳастам, вале хаёлам хом баромад. Мани гунаҳкорро ҳатто марг ҳам қабул накарда, зинда монда будам, то шармандагиам фош ва расвою ради маърака шавам. Духтурон баъди ба худ омаданам шиками маро ба модарам нишон дода гуфтанд: «Духтаратон ҳомиладор аст, шояд аз тарси шармандагӣ қасди худкушӣ намудааст!» Ин гапро шунида дуд аз димоғи модарам баромад. Қариб монда буд, ки дар ҳамон беморхона маро бо дастони худаш буғӣ карда кушад. Фош гаштани сирри ҳомиладориам маро дар зиндагӣ бемуттако кард. Падарам «ту обрӯи маро резондӣ» гуфта оқам кард, бародарону хоҳаронам аз ман рӯй тофтанд, модарам ба рӯям туф карда баромада рафт. Фиғон кашида аз пасашон давидам, аммо ҳатто нимнигоҳ накарда рафтанд. Ягона касе, ки аз ман рӯй натофт, холаам аст. Ҳоло дар хонаи холаам зиндагӣ карда истодаам, вале намедонам баъди таваллуд кардан бо кӯдаки ҳаромиам ба куҷо мерафта бошам.
Хатои маро такрор накунед дугонаҳои азиз, чунки оқибати ишқбозӣ шармандагию бадномию нокомӣ будааст…
Ганҷина, н. Рӯдакӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД