Arzon march 2024
Аюбҷони 14-сола: Беномусии падарам маро дузд кард
4423


Ман Аюбҷон, 14-сола, шаҳрванди Тоҷикистон. Падарам ба доми ишқи якдухтари ҷавон афтода, модарамро талоқ дод ва мо ба хонаи бобоям баргаштем.

Тағову янгаҳоям мудом нонхӯри зиёдатӣ гӯён, моро неш мезаданд, тағоҳоям низ мудом ғур-ғур мекарданд, ки дарди сари онҳо шудаем. Бечора модарам ба ғурбат ва таънаву маломати пайвандонаш тоб наоварда, тилловориҳояшро фурӯхту билети самолёт харид ва мо, бачаҳои падардори бепадарашро гирифта, озими Русия гашт.

Зиндагӣ дар мулки ғурбат бисёр душвор аст. Модари бечораам пас аз азобҳои зиёд дар ин ҷо кор ёфт. Вай дар як казино фаррошӣ мекард. Маоши модарам ба зиндагиамон базӯр мерасид. Аз як сӯ пули иҷора, аз сӯи дигар мушкилоти харидани хӯрокаву пӯшока ҷони модарамро ба лабаш меовард. Азобҳои ӯро дида нангу номусам омад ва худ ба худ аҳд намудам :”Сарамро ба сад дар задан зарур ояд ҳам, албатта ягон роҳи пулёбиро ёфта ба очаҷонам дар таъмини зиндагӣ ёрӣ медиҳам! ”
Модарам мақсадамро шунида, таъкид намуд, ки эҳтиёт шавам, чунки дар ин шаҳри бегона ҳар ҳодиса шуданаш мумкин аст, вале ба гапаш чандон эътибор надодам.
Хуллас, аввал ба бозор рафта кор ҷустам, вале ҳаммиллатони худам “дафъ шав аз ин ҷо саги дайду “ гӯён, маро зада-зада пеш карданд. Сарсону ҳайрон дар кӯча мегаштам, ки баногоҳ ду бачаи тоҷик аз рӯ ба рӯям баромаданд. Салом доданд, ман ҳам ба саломашон ҷавоб гардондам. Ҳамин тавр бо ҳам шинос шудем ва аз гап гап баромаду ман қиссаи талхи зиндагиамонро ба ошноҳои навам нақл кардам. Онҳо роҳи осонтарини пулёбӣ-дуздиро пешниҳод намуданд.


Вақте ки пойи ин бонуи ҳунар шикаста буд, ҳаводоронаш тавалло намуданд, ки сарояндаи дӯстдоштаашон бо пойи гаҷбандӣ ба саҳна баромада, ақаллан як суруд хонад…


Гуфтам, ки дар умрам хаси касеро нагирифтаам ва минбаъд ҳам ин корро карданӣ нестам, вале онҳо бо васвасаи пули калон оқибат маро розӣ кунонданд ва ҳарсеямон ҷониби растаи тиллофурӯшӣ равон шудем. Бо маслиҳати ҷӯраҳои дуздам аз паси зане поида истодам ва вақти тиллои навакак харидаашро ба сумка андохтанаш якбора чанг зада сумкачаашро аз дасташ рабудаму ҷонҳавл ҷониби роҳрав давидам. Занак доду фарёд бардошт ва кормандони бозор дар як дам бонги хатар зада, тамоми милисаҳоро ба по хезонданд. Кормандони милиса маро ба зудӣ дастгир намуданд ва чунон дубинкашап карданд, ки сару рӯям сиёҳу кабуд гашт. Вақте ки ба худ омадам, аллакай дар милисахона будам. Модарамро ҷеғ заданду хеле дуғу пӯписа карданд. Намедонам бечора очаам аз киҳо қарз гирифта, ҷони маро харид.. Акнун ба рӯйи модарам нигариста наметавонам. Ба гапи ду-се роҳзан бовар карда ба сари очаҷонам бало овардам.
Мақсади ин воқеаро навиштанам ҳамин аст, ки мардҳои тоҷик пеш аз оне, ки ҳамсарашонро талоқ медиҳанд, андешаи тақдири ояндаи фарзандонашонро кунанд. Падари беномуси ман, агар ба хотири як духари кӯчагӣ модарамро талоқ дода, аз дар берун намекард, ҳаргиз мо ба як пора нони русҳо зор намешудем ва эҳтимол ман низ аз ночорӣ даст ба дуздӣ зада, худ ва модарамро шарманда намекардам. Ба наврасону ҷавонон бошад, гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ даст ба дуздӣ назананд, зеро оқибаташ расвоист.
Аюбҷон, аз шаҳри Самара

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД