LineBET
ПАДАРАМ ПАДАРИ ПИСАРАМ ШУД (қисми 1)
7739

 

Алакай ду баҳор мешавад, ки дар ҳаёт аз падарам ному нишон нест. Хоки хунук ӯро бо тамоми гуноҳҳояш ба оғӯши худ бурд. Ман ӯро ҳеҷ бахшида наметавонам.

Ростӣ намедонам, ки ҷасади падарам ё худ “падари писарам”-ро ин замини бегуноҳ чӣ гуна қабул карда бошад? Ҳоли ӯро танҳо Парвардигори мутаол медонаду ҳамон бандаи пургуноҳаш, ки чист. Аз Шумо - хонандаи азиз, узр мехоҳам, ки дилам пур аз ғаму пеши чашмонам манзараи даҳшатнок аст. Мехоҳам даричаи дил кушояму аз саргузашти талху нофорам, аниқтараш аз даврони кӯдакиам қисса кунам.

Падарам хизматчии давтлатӣ буду миёни мардум обрӯву эътибори зиёд дошт. Одамон вақте ӯро бинанд “ревизор омад”, - гуён меҳаросиданд. Шахсони маъруфу сарватманди деҳа наздаш зиёд меомаданд. Дар маъракаҳо гули сари сабад буд. Аз ин тӯй ба он туй ва аз он тӯй ба як тӯйи дигар мерафт. Ҳамеша ҳамроҳи дӯстонаш шароб нӯшида меомад. Бибиву модарам пайваста сарзанишаш мекарданд, ки бо сархушиаш ба ягон бало грифтор мешавад. Модарам, ки дар марҳилаи охири ҳомиладорӣ қарор дошт, падарам баҳона ёфта, бо занҳои беваву бероҳа забон меёфту ишқварзӣ мекард. Модарам аз рашки зиёд мисли оташ дар мегирифту дарун ба дарун месӯхт. Аммо касе ба дардаш даво намешуд. Рӯзи мубораки ҷумъа модарам гирди ҳавлӣ лангон - лангон мегашту дард мекашид ва даст аз камару шикамаш намегирифт . Маълум буд, ки ба ёриӣ таъҷилӣ ниёз дорад. Бибиам бари кӯмаки ӯ худро ба ҳар тараф мезад. Ҳамсояҳо ҳайрон буданд, ки чаро падари ман соҳиби молу мулки зиёд асту мо дари ҳамсоя медавем. Вале чун ҳарвақта падарам дар хона ҳузур надошт. Дӯстон модарамро ба беморхона бурданд. Баъди чанд соат хабари хушро ҳамроҳи либосҳои даруни бӯхча ба мо баргардониданду “Муборак шавад, додарчадор шудӣ, духтарҷон”,-гӯён зуд ба мошин савор шуда, рафтанд. Инак, баъд аз се рӯз модарам ҳамроҳи меҳмони нав ба хона баргашт. Ҳама тифлакро мебӯсиданду дӯстдорӣ мекарданд. “Номаш Нӯъмонҷон”, - гӯён бибиам ба ӯ ном гузоштанд.

Баъд аз як моҳи таваллуди додарам бибии модариам аз дунё гузашт. Модарам дар танӯр нон часпонида истода буд, ки бародараш нолакунон вориди ҳавли шуд. Ӯ “балам, очам, балам”, - гӯён назди модарам омад. Очаам бародарашро дидан баробар нон аз дасташ ба замин афтиду фаҳмид, ки модари пири бемораш аз дунё гузашааст. Бо ҳамин модарам кӯдаки ширмакро ба уҳдаи ману бибиам монда, ба маросими дафни модараш рафт. Худованд мисле, ки раҳми маро хӯрда бошад, бародарам бачаи орому серхоб буд. Деҳаи модарам аз мо хеле дур буд. Он вақтҳо ақаллан телефон ҳам набуд, ки хабар кунӣ. Бинобар ин, падарам - домоди меҳрубони бибиам, аз ҷаноза бехабар монд. Танҳо медонистем, ки падарам дар кор аст, вале намедонистем, ки айнан ҳамон вақт дар кадом шаҳр ё деҳа қарор дорад. Дар ин ҳолат фақат ба хона омаданашро мунтазир мешудему халос, вале ҳамоно бедарак буд.

Шаб ҳам фаро расид. Аз интизории падар дилгир шудам. Бибиям, ки пиразани барҷомонда шуда буд, аз овози баланди кӯдак зуд хаста мешуд. Ба ҳамин хотир ману додараконамро дар хонае, ки падару модарам бо ҳам мехобиданд танҳо гузошта, ба хонаи худ рафт. Шаб ҳам аз нисф гузашту аз баргаштани падарам умедамро кандам. Дарвозаро аз дохил баста, ҳама ҷоро аз назар гузаронидаму омада ба ҷойгаҳи хоб назди гаҳвора хобидам.


Занаки аблаҳ, бо писарони бепулу бе корат чӣ ин қадар дағдаға мекунӣ? Хаёл кардӣ, ки дар ин замонаи душвор бо бачаҳои эркаат зиндагии шоҳона мекунӣ?


 Хоби ноз маро ба дуриҳои дур бурдааст. Замини гандумзори беҳадду канор мисли милаҳои ҳамоили зан зарду тиллоранг ба чашм намудор мегардид. Шамоли сахт мевазиду саракҳои гандумро ба ҳам мезад. Садои ба ҳам бархӯрдани саракҳои гандум мисли овози шақ – шақа шараққос мезад. Ман сари лучу пои луч пешпойӯрон миёни гандумзор медавидаму медавидам. Намедонистам, ки ба кадом тараф фирор кунаму дар куҷо пинҳон шавам, зеро ба ҷуз гандумзор дигар ҷое набуд. Шахсе, ки маро таъқиб мекард, бегона набуд. Аз садояш шинохтам, ки ин нафар ба ман бегона нест. Бале, ӯ падарам аст. Ӯ аз пуштам корд дар даст медавид. Он шаб ӯ қасди куштанамро дошт. Ман ҳам беист медавидам. Падарам бо овози баланд маро таҳдидкунон фарёд мекард: “Исто!!! Нагурез, ман туро мекушам! Исто гуфтам! Ту ба ман даркорӣ!” Ман ҳам аз тарси ширинии ҷон мегурехтам. Худоро шукр аз ӯ дуртар рафтам. Хурсанд будам, ки акнун наҷот ёфтам. Истода, истироҳат кардан хостам, нохост зарбаи кордро дар тахтапуштам ҳис кардам. Нафасгир шудаму дигар ҳарфе гуфта натавонистам.

Аз хоб тарсида бедор шудам. Дар торикии хона чизеро намедидам. Танҳо ҳамин қадарро медонам, ки марди бараҳнае даҳонамро дошта, маро таҷовуз мекард. Дигар доду фарёди ман фоида надошт, зеро куртааам дарида буду орзуҳои бо умеди бо дуои неки падар ба хонаи шавҳар рафтанам шикаста. Мард зиддиятҳои маро дида, ба сару рӯям бо шаппот мезаду девонавор фарёд мекашид: Эй зани инҷиқ, ин қадар зуқ – зуқ накун! Овозатро гир, ки кӯдакҳо бедор мешаванд”. Ман дарҳол дарк кардам, ки падарам маро модарам фикр карда ҳамроҳам ҳамхоба шудааст.



Ин лаҳза аз ҳама лаҳзаи нафратовар дар зиндагиам буд, чунки падарам дар сурати инсон ва бо рафтори шайтонӣ бо ман рафтор кард. Ман бо тамоми қувва дод мезадам, ки “падар, ин ман. Ту чӣ кор карда истодаӣ? Бибӣ, бибиҷон, маро халос кунед“.

Падарам ба ҳуш омда, мисле, ки ӯро барқ зада бошад, аз болоям парида хест. Ҳарфе намегуфту танҳо аз рӯӣ хона либосҳояшро ҷамъ мекард. Баъдан, баромада рафт. Дар зери доду фарёди ман, ки бародарам бедор шуда буд, беист мегерист. Аз он сӯ додаракам ва аз ин сӯ ман, ҳарду баробар мегеристем. Бибиам ларзон - ларзон аз дар даромаду зуд болои ҷойгаҳи ман нишасту ба савол додан сар кард: Духтарам, ба ту чӣ шуд? Чаро дод задӣ?

Ман аз тарсу ларз болои ҷойгаҳи хобам менишастаму лаби кӯрпаро газида, гиря мекардам. Баробари гиряи ман хаёлам замину замон мегирист. Дигар аз ин дунё чизе намехостам, ба ҷуз худкушӣ. Бибиям “Саодат, ба ту чӣ шуд, духтарам. Гап зан. Маро натарсон”,-гӯён шонаҳоямро петаконд, то ба худ оям. Билохир ба худ омада, ҳамаашро ба бибиям нақл кардам. Кампири бечора “вой дод. Хонам сӯхт. Ин чӣ рӯзи бад буд? Рӯякам сиёҳ шуд. Шарманда шудам”,-гӯён аз дар баромад.

Падарам аз ҳамон замоне, ки аз хона баромада буд, якбора фирор кард то дигар маро набинад. Модарам баъд аз се рӯзи дафни модараш бо дили сарду болу пари шикаста ба хона омад. Чун ба хона даромад...

Поёни қисми 1

Идомаашро пагоҳ соати 09:00 интизор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(11)
Maqsadjon Rajabzoda 2020-03-16, 14:41
Ин ба фикрам ягон порча аз филмҳои турки аст.
Посух
Susana Oreiro 2020-03-16, 14:41
ОИЛА АГАР ТУ ГАПИ МАРО БИХОНИ ЯК ИЛТИЧО ДОРЕМ: ИЛТИМООООС НАНАВИСЕН КИСАХОИ ГАМАНГЕЗ МО БЕХАМУААНИ ПРОБЛЕМАИ ЗИЁД ДОРЕМ ЯГОН КИСАИ ДИЛХУШКУНАНДА НАВИСЕН. ИН КИСАИ ГУЗАШТАИ КИМКИРО МЕНАВИСЕН ТАБЪИ ОДАМ ХИРА МЕШАВАД. АЙ ХАМИ ДУНЁ ДИЛМОНДАЕМ ХАМИН КАДАРАШ БАС АСТ АЗ ИН БАТАР ОДАМА ДИЛШИКАСТА НАКУНЕН ИЛТИМОС
Посух
Гулбозор Шарифзода 2020-03-16, 14:41
Оқибати майнушиву, мастии базе ахмақҳо !
Посух
Машрафой Очилова 2020-03-16, 14:42
Оила сомонаи хаети буда,хулосаи тарбияви дорад. Хечгох инро фармуш накунед.
Посух
Одина 2020-03-16, 14:42
Сомонаи оила менависад аз он хотир, ки хонанду чунин расвоиро такрор накунанд
Посух
Behruz Sherov 2020-03-16, 14:43
Хело киссаи дарднок, ХУДОВАНД нигох дорад аз чунин ходисаи дахшатнок , хелло дахшат худованд бар ин оила сабр ато фармояд.🙄🤔
Посух
Хумайробону 2020-03-16, 16:13
Оила менависад,ки базе майнушхоба дарс шавад.рахмат оила.
Посух
551100 2020-03-17, 00:30
дарс шавад 
Посух
Behruz Sherov 2020-03-17, 08:50
Хело киссаи дарднок, ХУДОВАНД нигох дорад аз чунин ходисаи дахшатнок , хелло дахшат худованд бар ин оила сабр ато фармояд.🙄🤔
Посух
Nilufar Khushvakhtova 2020-03-17, 20:29
Давомашро интизорем
Посух
Хуснигул 2020-03-27, 18:25
Хеле аламовар
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(11)
Maqsadjon Rajabzoda 2020-03-16, 14:41
Ин ба фикрам ягон порча аз филмҳои турки аст.
Посух
Susana Oreiro 2020-03-16, 14:41
ОИЛА АГАР ТУ ГАПИ МАРО БИХОНИ ЯК ИЛТИЧО ДОРЕМ: ИЛТИМООООС НАНАВИСЕН КИСАХОИ ГАМАНГЕЗ МО БЕХАМУААНИ ПРОБЛЕМАИ ЗИЁД ДОРЕМ ЯГОН КИСАИ ДИЛХУШКУНАНДА НАВИСЕН. ИН КИСАИ ГУЗАШТАИ КИМКИРО МЕНАВИСЕН ТАБЪИ ОДАМ ХИРА МЕШАВАД. АЙ ХАМИ ДУНЁ ДИЛМОНДАЕМ ХАМИН КАДАРАШ БАС АСТ АЗ ИН БАТАР ОДАМА ДИЛШИКАСТА НАКУНЕН ИЛТИМОС
Посух
Гулбозор Шарифзода 2020-03-16, 14:41
Оқибати майнушиву, мастии базе ахмақҳо !
Посух
Машрафой Очилова 2020-03-16, 14:42
Оила сомонаи хаети буда,хулосаи тарбияви дорад. Хечгох инро фармуш накунед.
Посух
Одина 2020-03-16, 14:42
Сомонаи оила менависад аз он хотир, ки хонанду чунин расвоиро такрор накунанд
Посух
Behruz Sherov 2020-03-16, 14:43
Хело киссаи дарднок, ХУДОВАНД нигох дорад аз чунин ходисаи дахшатнок , хелло дахшат худованд бар ин оила сабр ато фармояд.🙄🤔
Посух
Хумайробону 2020-03-16, 16:13
Оила менависад,ки базе майнушхоба дарс шавад.рахмат оила.
Посух
551100 2020-03-17, 00:30
дарс шавад 
Посух
Behruz Sherov 2020-03-17, 08:50
Хело киссаи дарднок, ХУДОВАНД нигох дорад аз чунин ходисаи дахшатнок , хелло дахшат худованд бар ин оила сабр ато фармояд.🙄🤔
Посух
Nilufar Khushvakhtova 2020-03-17, 20:29
Давомашро интизорем
Посух
Хуснигул 2020-03-27, 18:25
Хеле аламовар
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2