Oila Navruz
Падари сангдил барои латукӯби кӯдаки хурдсол ҷазо гирифт
936


Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ! Тавре ки шумо огоҳӣ доред, ду рӯз қабл дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи як тифли хурдсолро латукӯб кардани марди баркамол, ки падари кӯдак будааст, инъикос ёфтааст.

Чунин амали падар мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ қарор гирифта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардиданд.
Кормандони милитсия аз паси таҳқиқи ин ҳодиса шуданд ва тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, дар натиҷаи пешбурди як қатор корҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шудааст, ки марди дар навор инъикосёфта шаҳрванд Одинаев Зикриё Гулмадович, санаи таваллудаш 18.02.1975, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи М. Маҳмадалӣ мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки номбурда аз ҳамзистӣ бо собиқ ҳамсараш соҳиби 4 фарзанд гардида, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо шудаанд ва 2 фазанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд.
— Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Одинаев Зикриё маводҳои лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва таъминоту тарбияи шоистаи фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд,- меафзояд РВКД дар шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД