sebiston july new
ПАНҶАКЕНТ: Духтараки 16-сола худро ба дарёи Зарафшон партофт!
840


Дар Панҷакент фоҷиаи талхе сар зада, як духтараки 16-сола худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Сабаби худкуши ин духтари ҷавонро ба муноқишаи оилавӣ рабт медиҳанд...

Духтари ғӯррамарги худро ба коми дарёи Зарафшон ҳаво дода сокини деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат буда, рӯзи 9-уми август, баъди як муноқишаи хнаводагӣ аз хона баромада, бо ҳамин дигар бар нагаштааст.

Ҷустуҷӯи ин ҷавондухтар ду шабонарӯз идома ёфт ва ниҳоят имрӯз дастаи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҷисми бе ҷонашро аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо намуданд.
Ҷасади ин духтараки ноболиғро наҷотдиҳандагон аз ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо намуда, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сабаби аниқи даст ба худкушӣ задани ин ҷавондухтари 16-сола ҳанӯз маълум нест, вале тахмин меравад, ки баъди моҷарои оилавӣ аз зиндагӣ дилсард гашта, духтарак аз ҳисси яъсу навмедӣ худро ба оғӯши амвоҷи пуртуғёни дарёи Зарафшон ҳаво додааст.
Мутаасифона, чунин ҳодисаҳо вақтҳои охир тез-тез рӯй медиҳанд, бинобар ин, аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки дар муносибат бо фарзандонашон, хоса бо духтарон эҳтиёткор бошанд ва зиёдаравӣ накунанд, зеро наврасон психикаи нозук дошта, як сухани ноҷо ба забон овардаи волидон метавонад духтари ҷавонро аз ҳаёт дилсард гардонад ва ба худкушӣ водор созад. Ҳама гуна нофаҳмии миёни падару модар ва фарзандон сар задаро бо сухани нарму муомилаи хуб метавон ҳал кард, бинобар ин, забони худро аз тундгӯӣ нигаҳ дошта, кӯшиш намоед, ки на бо дашному ҳақорат, балки бо забони ширин хатогиҳои фарзанди худр ба ӯ фаҳмонед. Вақте камбудии аз ӯ сар задаро падар ё модар бо оҳанги панду насибат мефаҳмонад, албатта ҷавон ҳам аз пайи ислоҳи худ мешавад. Бузургтарин душмани инсон ин қаҳру ӯазаб аст.

Ҳаргиз қаҳру ғазаби худро ба сари фарзандонатон нарезед, зеро ғазаби шумо метавонад боиси сар задани фоҷиаи талхе гашта, дар дилатон доғи абадӣ боқӣ гузорад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД