arzon replenishment
ПАНҶАКЕНТ: ҶИЯН АМАКРО ЛАГАДКӮБ КАРДА КУШТ
3395

Шумораи шайтонҳои дупо ва даррандаҳои одамсурат дар кишвари мо торафт меафзояд.

Қаҳру ғазаб он қадар дар вуҷуди ин тоифа чуқур реша давондааст, ки ҳатто ба одамони наздиктарини худ заррае ҳам раҳму шафқат надоранд ва мисли бабри хашмгин синаи модару гулӯи падар медаранд, зану фарзанд ва хоҳару бародар мекушанд,аммаву тағову амакро бо сад ваҳшонияту хориву зорӣ ба қатл мерасонанд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти боз аҳримани одамсурат хабар додаст, ки дар куштори бераҳмонаи амакаш гумонбар дониста мешавад.
Як марди 65-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо дасти ҷияни бадмасташ ба ҳалокат расид. Тавре ки ВКД мегӯяд, ин ҳодисаи нангин шоми 3-юми декабр, тахминан соатҳои 21-00-и шаб ба вуқуъ пайваста, байни амак ва ҷиян моҷаро сар задааст.


Дар рафти ин муноқишаи тақдирсӯз ҷавони 30-сола, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, амаки 65-солаашро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона лату кӯб мекунад, ки аз даҳону бинаш хун ҷорӣ шуда, аз ҳуш меравад.
Ҷабрдидаро ба бемористон интиқол дода бошанд ҳам, табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бубахшанд. Амаки дар хуну халаф ғарқ аз зарби мушту лагади ҷияни майзада ва бераҳмаш дар бемористон ба ҳалокат расид.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дошта, сабабҳои сар задани ин моҷарои хунин аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кард мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД