arzon replenishment
Панҷакент: Иқболҷон дар беморхона ҷон дод
5756

Чанд лаҳза пеш ба идораи Сомонаи оила тч хабар расид, ки Иқболҷон Норов дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ҷон додааст.

Тавре ки пештар хабар дода будем, 5 нафар согкинони деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент Иқболҷони 15-соларо бераҳмона лату кӯб карда,ба сараш бо санг зада буданд. Дар натиҷаи ин зарбаи сахту сангин ин навраси 15-сола аз ҳуш рафта, ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.

Муддати 8 шабонарӯз Иқболҷон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шахри Панҷакент дар ҳолати КОМА қарор дошт.

Ду рӯз пеш амаки Иқболҷон дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ гуфта буд, ки барои наҷот додани ҷони ӯ аз Самарқанд ва Душанбе профессорҳоро оварданд, аммо табибон ба шифо ёфтани Иқболҷон кафолат надода, бо як овоз гуфтанд, ки майнаи сар варам кардаасту зинда мондани бемор имкон надорад. Бо ин ҳама волидон ва пайвандони Иқболҷон умедихудро аз даст надода,то лаҳзаи охирин барои фишо ёфтани ҷигарбандашон чизеро дареғ надоштанд, аммо...

Талоҳшҳои табибону орзуҳои волидонаш барбод рафт. Иқболҷони аз сад гул як гулаш нашкуфта ҳатто як бор ҳам чашмонашро накушода, чанд лаҳза пеш дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷасади ин навраси нокомро ба зодгоҳаш, деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент бурданд.

Ногуфта намонад, ки дар тули як моҳи охир ин дуюмин ҳодисаи нохуше мебошад, ки дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент руй дода, ба қавле боиси марги маҷбурӣ мегардад. Қабл аз Иқболҷон-Наргис Юнусова, як арӯсаки шашмоҳа аз ин деҳа ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашта буд. Пайвандони Наргис дар марги ҷигарбандашон хушдоман ва хошҳарҳӯйи ӯро гунаҳкор медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(11)
Субхон 2019-07-11, 16:20
Гунахгорон ба чавобгари кашида шаванд
Посух
фируза 2019-07-11, 16:21
Раиси маҳалла доранд?Ду куштор дар як маҳалла.ХУДОВАНД ба падару модари инҳо сабр диҳад.
Посух
Руслан 2019-07-11, 16:57
Чазои сангинро додан даркор нисбати гунахгорон
Посух
Гулбахор 2019-07-11, 17:08
Бовар кунед хеле гамгин шудам алалхусус аз даргохи худованд сабри чамил мехохам
Посух
Саидназар Сафаров 2019-07-11, 17:45
Бародар чоятро чанат кунад худо ба падару модараш сабри чамил дихад
Посух
шоира 2019-07-11, 17:49
и бачахо боооояд чазо гиранд то ба дигарон дарс шавад бо иноям девона броварда чавоб натиян
Посух
Гулнора Вохидова 2019-07-11, 18:45
Ба волидайни писарчаи бегунох сабр Худованд сабр дихад.Хеле гамгин шудам. ??
Посух
кенчабой рахимов 2019-07-11, 19:40
Вактхои охир хамин ходисахо тез тез руй дода истодаан лекин намедонем ки гунахкорон чазо гирифтаистодаанд е не инхо бояд дар назди конун чавоб гуянд бо ахлу оилаи икболчон ва наргиз сабру чамил хохонам худовандо милатамонро аз ин рузхои сахт нигахдор бошад омин
Посух
Матин 2019-07-11, 21:13
Ин чи гап худаш? Чанд муддат пештар духтарчаеро дар н. Рудаки оташ зазаданд,ояндаи ин кудакон чи мешуда бошад.Худо инсоф дихад.
Посух
Фирори Матин 2019-07-13, 14:40
Ходо бизанад хаминхел бандара ки ба дигарон Дарси ибрат шавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД