arzon replenishment
Парихона Қисми 1
24.09.2022
Ҳилола
2037

 

Деҳаи Олучабоғ дар яке аз ноҳияҳои сарҳадии кишвар воқеъ буда, хеле ободу зебост. Мардуми меҳнат қаринаш деҳаашонро, ки дар пояи кӯҳдомани зебое доман афрохтааст, хеле ободу зебо кардаанд.

Пирони деҳа мегӯянд, ки ҳангоми аз кӯҳистони Вахё ба ин диёри гарм муҳоҷир карда овардани онҳо аз деҳа ному нишоне набуд, ин ҷо қамишзоре буд макони шағолу рӯбоҳон, вале дар як баландӣ чанд дарахти олучаи ваҳшие буд. Ва мардум бо шӯхӣ онро Олучабоғ гуфтанду ин ном монд, ҳоло деҳа дар ҳақиқат боғи сарсабзу зебоеро мемонад.

Мардуми мо хислати аҷибе доранд, баъзан дарду ғаму айбу гуноҳи якдигарро низ ба риштаи шӯхӣ мекашанд, яке аз кӯчаҳои Олучабоғро сокинони он шӯхиомез кӯчаи девонаҳо меноманд, зеро чор нафар бошандаи ин кӯча бемории рӯҳӣ доранд.

Ҳамаи ин бас набуд, ки холаи Амонат, яке аз занони ҳунарманду кайвонии ин кӯча ба қавли мардум паривара шуд. Қиссаи паривара шудану шифо ёфтани холаи Амонатро аз забони худи ӯ шунидам, зеро чанде пеш меҳмони Олучабоғ будам…

«Амонат и компания»

Холаи Амонат дар деҳа обрӯи хоса дорад, зеро ягон тӯю маърака ва маросими ҳамдеҳагон бе ӯ намегузарад. Хола ҳамроҳи шавҳараш бобои Нур, шаш фарзандро ба воя расонида, ба зиндагии мустақил гусел намуда, имрӯз дар сояи меҳри онҳо давлати пирӣ меронанд.

Бо писари кенҷагияшон Ҳошим, директори мактаби деҳа ва аҳли оилаи ӯ дар ҳавлии бошукӯҳи зебояшон зиндагии осудае доранд. Ин зани меҳрубон хайру саховаташро аз касе дареғ намедорад, хусусан чор ноқисулақли модарзоди кӯча Орифу Дӯст ва Муроду Тоҷинисо, аз шафқати модаронаи ӯ баҳраваранду ин зани меҳрубонро ба таври худ дӯст медоранд. Холаи Амонат, ки дар маъракаҳои деҳа кайвонӣ аст, пеш аз ҳама шиками ин нафарони беморро сер мекунад, ғайр аз ин, тӯйдоронро маҷбур мекунад то барои онҳо тӯҳфаяке бахшида, дили шикастаашонро шод кунанд.

Хусусан Тоҷинисо, ки синнаш ба чил расидааст, аз гирифтани сарсӯзан, рӯймолча ё собунаке аз дасти арӯс он қадар хурсанд мешавад, ки як ҳафтаи дигар онро ба замин намемонад. Бархе холаро зани биҳиштӣ номанд, бархи дигар ҳамон шӯхии ирсияшон авҷ гирифта, чун дар тӯй ё маъракае аз пушти девонаҳо овора бинанд, «Амонат и компания» гӯён, дилхушӣ мекунанд, вале холаи Амонат аз ин намеранҷад, зеро медонад ҳамдеҳаҳояш аз рӯи меҳр ба ӯ лутф мекунанд.

Ҳамин тавр дарёи зиндагии аҳли деҳа бо маҷрои худаш равон буд, вале якбора мусибати дигаре сар зада, арӯсаки бистрӯза- келини Усто-Умрон Сапеда ва домоди ба чиллаи писари кампири Холмоҳ, Ризо паривара шуданд. Аввалин шуда, ба хабаргирии онҳо холаи Амонат шитофт…

 

Арӯсак дар доми париҳо

Аслан мардум ба аёдати онҳое, ки ба бемории ваҳмак ё ба қавли дигар ҷинвараю паривараанд, кам мераванд, ба истиснои хешу табору пайвандон, аммо холаи Амонат дар зарфе хӯроки гарм ва дар рӯймолчае аз себи ҷавпазаки ҳавлияш чида, аввал ба хабаргирии Сапеда рафт. Келинчаки зебо бо чашмони хунгирифтаи беқарор мисли оҳубарраи сӯр ба мардум менигарист ва пайт меҷуст, ки хеста гурезад. Хушдоману модараш аз ин ҳоли Сапеда хун мехӯрданд.

-Духтарам ягон дард надошт, намедонам чӣ бало расид,- лаби қарси сафедашро ба чашмони тараш бурда, мегуфт модари арӯс. Зани усто бошад, хиҷолатманд сар ба зер афканда пичиррос зад:

- Шаб шавҳарашро бедор накарда, худаш танҳо ба берун баромадааст, духтари беақл…

Духтури деҳа ба ҷисми бемор дору гузаронида, оҳиста ба холаи Амонат рӯ оварда гуфт:

-Дар ин ҳолатҳо илми тиб оҷиз аст, хуб мешуд дуояш хонанд.

Хола дар навбати худ ба зани Усто-Умрон муроҷиат намуд:

-Дугона ба писаратон фаромоед, ки рафта Қорӣ- Маҳмадҷонро биёрад, арӯсро хондан лозим. Худатон духтари мулло ҳастед ва аз ман хубтар медонед, ки дар ин гуна вазъият сураҳои «Қуръон» беҳтарин давобахши рӯҳи бемори инсон мегарданд.

Худи ҳамон рӯз пас аз чошт аҳли хонаи усто гуфтаи холаи Амонатро амалӣ карданд. Овози фораму ширадори мулло ҳатто то хонаи хола мерасид, зеро хонаи арӯсаки бемор ду хона болотар аз манзили онҳо воқеъ буд.

Рӯзи дигар холаи Амонат ба хабаргирии писари кампири Холмоҳ рафт, Ризо баръакси Сапеда хеле ором ба як нукта нигариста, на об менӯшиду чизе ба даҳон мебурд, умуман аз забон монда буд. Мулло болои сараш мехонд, кампири Холмоҳ, ки се писарро бе падар ба воя расонида буд, зор-зор мегирист ва сабаби ба ин ҳол афтидани писарашро шарҳ дода наметавонист. Холаи Амонат бо димоғи сӯхта ба хонааш баргашт, вале аз келинаш хабари беҳтар гаштани ҳоли Сапедаро шунида, каме хурсанд шуд…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД