Arzon march 2024
Париҳояш ба зани сеҳргар кӯмак накарданд?
741


Аз касе пӯшида нест, ки аз нигоҳи дини мубини ислом сеҳру ҷодугарӣ ҳаром аст, вале шахсоне ёфт мешаванд, ки гуноҳи азим будани чунин амалҳоро дидаву дониста, даст ба чунин кирдори нораво мезананд.

Яке аз чунин мардумфиребон Ибодатхон Одинаеваи 65-сола мебошад, ки бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул шуда, барои ба даст овардани пули муфт одамони зиёдеро фиреб медод...

Ибодатхон Одинаева сокини ноҳияи Шаҳритуз буда, дар асл дониши динӣ надорад, вале ин зани маккор аз содагию зудбоварии мардум истифода бурда, худро ҳамчун фолбин ва ғайбдон муаррифӣ намуда, бо ваъдаи гарм кардани дили шавҳар ба зан, хунук кардани мардон аз маъшуқаҳояшон, кушодани бахти духтарон, ёрӣ расонидан дар пайдо кардани ҷойи кор, осон кардани мушкили одамони бефарзанд, раҳо кардани шахсони ҷунунзада ва савдоӣ аз банди деву париҳо пулу моли мизоҷонашро аз худ мекардааст.

"Аз афташ “париҳояш” ҳам аз макру ҳиллаи Ибодатхон безор шуданд, ки билохира ин фолбинзан дар рафти як амалиёт аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохили кишвар ба чанг афтид."

Нисбати Одинаева мутобиқи қисми 1-и моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД