Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.
Ҷаласа таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода баргузор шуда, пас аз баррасии масъала қарори дахлдор қабул гардидааст.
Лоиҳаи қонунро Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва роҳбарони як қатор кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ба вакилон шарҳу тавзеҳ додаанд.
То ҳол ҷузъиёти қонун ва теъдоди шахсоне, ки метавонанд зери амали афв қарор гиранд, расман эълон нашудааст.