shoh palace
Партов макони ҷину шайтон аст?
1462


Дини ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин шарт барои қабул шудани ибодатҳо тозагии моддӣ ва маънавӣ буда, шарти расидан ба мартабаи мақбул дар имон ҳам тозагӣ мебошад. Пайғамбарамон (с) ҳам ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва касонеро, ки ба тозагӣ аҳамият намедоданд, огоҳ мекарданд. Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (С. С) дар як ҳадисашон фармудаанд: “Тозагӣ нисфи имон аст” (Муслим, таҳорат,1).
Модарамон ҳазрати Оиша (р) гуфтааст: “ Мардуме, ки дар атрофи Мадина зиндагӣ мекарданд, барои намози ҷумъа ба масҷиди Набӣ меомаданд. Ба таври умумӣ сару пойҳояшон хоколуд буд ва аз баданашон бӯи арақ меомад. Вақте дар назди Расулуллоҳ истода будам, яке аз онҳо ба наздаш омад. Пайғамбарамон вайро дар чунин ҳолат дида ғамгин шуд ва гуфт: “Кошкӣ имрӯз танатро мешустӣ”. (Бухорӣ, ҷумъа,15)
Ҳазрати Пайғамбар (с) натанҳо ба тозагии бадан ва сарулибос, балки ба тозагии муҳити зист ҳам тавваҷҷуҳ мекард, барои нарехтани партоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ифлос накардани обҳо, тоза нигоҳ доштани роҳ, майдон ва маҳаллаҳо аҳамият медод.
Расули Худо (с) дар баёни аҳамияти назофати беҳдошти тан ва робитаи он бо дунёи маънавии инсоният ҳамчунин фармудаанд: “Назофат аз имон аст”. Яъне муъмин пок ва назиф аст, касе, ки назофатро риоят накунад, имони комил надорад.
Донишмандон дар боби риояти беҳдошт ва назофати бадан фармудаанд, ки ҳашт чиз-мисвоки дандон, шустани даҳон, бинӣ афшондан, шона задани мӯи сар, хатна кардан, аз байн бурдани мӯи зери ноф ва зери бағал, нохун гирифтан, шустушӯи бадан суннат аст.
Назофати зоҳирии инсон бо покии рӯҳи ӯ пайванди амиқе дорад, ҳамон гуна, ки оростагии зоҳири инсон ҳикоят аз зебоии ботини ӯ мекунад.
Пайғамбари Ислом (с) худ паёмовари покӣ ва назофат буд. Дар ҳангоми мулоқот бо ӯ аввалин вижагие, ки чашму дили ҳар бинандаро навозиш медод, оростагӣ, покӣ ва зебоии зоҳирии он Ҳазрат (с) буд. Қарз кардан ба худии худ амри макруҳ ва нописандида аст, вале он Ҳазрат (с) ба хотири аҳамияте, ки барои назофат ва беҳдошти тан ва хонавода қоил буд, фармуд: “Ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, мӯи зери нофи худро то чил рӯз ба таъхир намеандозад, агар имкони онро наёфт, қарз кунад ва беш аз ин дар ин кор таъхир накунад”.
Расули Худо (с) шахсан ба покизагӣ алоқаи фаровоне дошт ва дар назофати бадан ва либос беназир буд. Илова бар одоби вузӯ, бисёр рӯзҳо бадани худро шустушӯ медод ва ин ҳар дуро ибодат медонист. Назофати тан ва покии андомаш ва таҳорати рӯҳаш ҳамоҳанг буд. Ҳазрати Муҳаммад (С.С) ҳамеша ба ёрон ва пайравони худ таъкид мекард, ки сару сурат, ҷома ва хонаҳояшонро покиза нигаҳ доранд, водорашон месохт, ки худро ба хусус дар рӯзҳои ҷумъа шустушӯ дода ва муаттар созанд, то ки бӯи бад аз онҳо ба машоми дигарон нарасад ва он гоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд.
Яке аз дастуроти муҳими беҳдошти дини мубини ислом, беҳдошти даҳон ва дандон аст. Тамоми пешвоёни бузурги динӣ дар ин бора таъкиди фаровон кардаанд. Ба хусус дар сирати амалии Пайғамбари ислом (с) ин амр таъкиди хос шудааст. Худи он Ҳазрат (с) ҳар рӯз чанд бор, махсусан шабҳо пеш аз хоб ва пас аз бедорӣ ва ҳангоми вузӯъ гирифтан дандонҳояшро бо диққат мисвок мекарданд ва ҳатто ҳангоме, ки дар бистари беморӣ ва дар охирин дақиқаҳои умри дунявии худ буданд, мисвок хостанд ва дандонҳои худро мисвок карданд. Ба ёрони хеш низ мефармуданд: “Ҳаргиз бо дандонҳои нашуста дар маҷлис ҳозир нашавед ва аз мисвок кардан ва покиза нигаҳ доштани дандонҳои худ кутоҳӣ накунед”.
Он Ҳазрат (с) пеш аз хӯрдани хӯрок ва баъд аз он дасту даҳонашро шуста, аз хӯрдани сабзиҳои бадбӯ парҳез мекарданд.
Дар бораи мисвок фармуданд: “Ҳеҷ гоҳ Ҷабраил наздам наёмад, ҷуз он ки маро ба мисвок суфориш намуд. Агар мардум аз фоидаҳои мисвок огоҳ буданд, онро ҳамеша ҳамроҳи хеш доштанд ва ба бистар мебурданд.”
Ҳазрати Паёмбар (с) ба Алӣ (к) фармуданд: “Эй Алӣ! Бо ҳар вузӯе, ки барои намоз мегирӣ, мисвок бизан.”
“Даҳонҳои шумо роҳе аз роҳҳои (гуфтугӯи) Парвардигор аст, пас маҳубубтарин даҳон назди Парвардигор хушбутарини он аст, то метавонед даҳонҳои худро хушбӯ намоед.”
“Ду ракъат намози бо мисвок бартар аз ҳафтод ракъат намози бемисвок аст.”
Паёмбари гиромии ислом ба беҳдошт ва саломатии бадан аҳамияти фаровоне қоил буд. Аз пурхӯрӣ парҳез мекард ва ба мусалмонон дастур медод, пеш аз он ки аз хӯрок сер шаванд, аз таом даст кашанд. Модари муъминон ҳазрати Оиша (р) мегӯяд:“Расули Худо (с) дар тули умрашон ҳаргиз бо серӣ хурок нахурданд ва мефармуданд: «Меъда хонаи беморӣ ва таҳаммули гуруснагӣ беҳтарин доруи маризиҳо аст.”
Истинҷо бо дасти ростро намеписандид ва аз хӯрок хӯрдан бо дасти чап наҳй мекард. Иҷозат намедод касе нохунҳои худро бо дандон кӯтоҳ кунад. Аз лаби кафидаи зарф ва маҳалли дастаи кӯза об наменӯшид, чунки маҳалли чирку микроб буд ва дигаронро низ аз ин кор барҳазар медошт.
Паёмбар (с) мефармуданд: “Офаридгор аз касе, ки ҳамнишинаш аз бӯи бади ӯ биниашро мегирад, танаффур дорад.”
Ҳазрати Муҳаммад (С. С) бисёр ғусл менамуд.Ривоят мекунанд, ки паёмбар илова бар ғуслҳои мустаҳаб, тамоми даҳ шаби охири Рамазонро ғусл мекард.
Он ҳазрат дар ростои таъкидҳои беҳдоштӣ нисбат ба беҳдошти муҳити зиндагӣ низ таваҷҷуҳи хосе доштанд. Ҷорӯб задан ва покиза намудани хонаро мустаҳаб медонистанд. Дӯст надоштанд, ки зарфҳои хӯрокхӯрӣ ношуста гузошта шаванд ва мефармуданд: “Шабҳо пеш аз хоб рӯи онҳоро бипӯшонанд.”
Иҷозат намедоданд, ки афрод канори чоҳи оби ошомиданӣ, зери дарахти мевадор, миёни қабрҳо, дар роҳҳо ва саҳни хонаҳо қазои ҳоҷат кунанд. Вақте атса мезаданд, даст ё пироҳанашонро пеши даҳонашон мегирифтанд ва оҳиста атса мезаданд. Пайғамбар (с) мефармуданд: “Зубола (мусор)-ро қабл аз фаро расидани шаб аз хона хориҷ намоед, зеро ҷойгоҳи шайтон (микроб) аст”.
Паёмбар (с) мефармуданд: “Ҷорӯб, ки мезанед, хоки онро пушти дари хона нарезед ва остонаи дарро ҷорӯб кунед”.
Ҳомидов Абдулвоҳид,
мутахассиси Раёсати фатвои
Маркази исломӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД