Парвози тайёраҳо дар хатсайри Душанбе-Машҳад аз пагоҳ, 24-уми апрел аз нав боз мешавад. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии “Вориш”-и Эрон хабар додааст.
Ёдрас мешавем, ки парвози тайёраҳо ба шаҳрҳои Эрон бо сабаби оғози ҷанги миёни Амрико ва ин кишвар муваққатан боздошта шуда буд, вале ширкати “Вориш” бо нашри як эълон аз дубора боз шудани парвоз дар масири Машҳад-Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки парвоз аз Машҳад ба Душанбе ва баръакс аз Душанбе ба Машҳад анҷом дода мешавад.
Тайёра дар ин масир рӯзи 24-уми апрел, соати 10:00 ба вақти Теҳрон парвоз намуда, соати 13:00 ба вақти Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Дар бозгашт тайёра соати 14:30 ба вақти Душанбе парвоз карда, соати 14:30 ба вақти Эрон дар Машҳад фуруд меояд.
Кай боз шудани хати парвоз ба шаҳрҳои дигари Эрон ҳанӯз маълум нест.